«ЛАХШ. МАКТАБ ВОҚЕАН САДАМАВИСТ АММО...
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба Шумо ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, саҳмгузорӣ дар инъикоси воқеии дастовардҳои мамлакат ва таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо изҳори сипос менамояд.
Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мақолаи зери унвони «Лахш. Аз ваъдаи Вазорат то ноумедии 700 хонанда»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 16-уми июли соли 2026, №138-139 (25 506) нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
– Дар доираи сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт дар ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Бо вуҷуди ин, бинои Муассисаи таълимии номбурда дар ҳақиқат аз биноҳои куҳансохт буда, айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта дар назди он 4 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст, ки хонандагон дар онҳо таҳсил намуда истодаанд. Ҳамаи он масъалаҳое, ки барои бунёди Муассиса ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш гузошта шуда буданд, пурра иҷро шудаанд. Аз ин рӯ, иддао дар бораи бетаваҷҷуҳӣ ё бетарафии мақомоти маҳаллӣ нисбат ба ин масъала асос надорад. Ҳамзамон, дар мақолаи мазкур баъзе маълумот ва рақамҳо бе омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳлили дақиқ пешниҳод гардидаанд, ки онҳо ба вазъи воқеии масъала мувофиқат намекунанд. Инчунин, дар мақола тадбирҳои то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия андешидашуда ва корҳои, аллакай, оғозгардида, инъикоси кофӣ наёфтаанд. Аз ҷумла, оид ба фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак, ки ба мазмуну муҳтавои мавзуи мақола алоқамандӣ надорад, 11,5 фоиз нишон дода шудааст, ки ин нишондиҳандаи соли 2024 мебошад. Дар соли 2026, тибқи маълумоти расмии мақомоти соҳа, сатҳи воқеии фарогирии кӯдакон 32,6 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар таҳияи мақола аз маълумоти куҳна ва андешаҳои роҳбари собиқи Муассиса (Саидов Пӯлод) истифода карда шудааст, дар ҳоле ки аз фаъолият накардани директори номбурда 4 сол сипарӣ гардида, дар ин муддат барои беҳтар намудани вазъи Муассиса ва ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои мушаххас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, соли 2024 дар натиҷаи андешидани тадбирҳои амалӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар назди ин Муассисаи таълимӣ бинои ошхонаи замонавӣ барои хонандагон сохта шуд, ки ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нисбат ба вазъи маориф бетаваҷҷуҳ нест.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ҳавасманд буда, ҳамзамон, зарур мешуморад, ки ҳангоми таҳияи маводҳо маълумоти оморӣ аз манбаъҳои расмӣ ва аз масъулини соҳа дар маҳал дастрас ва истифода гардида, вазъи воқеӣ бо риояи принсипҳои воқеъбинона ва беғаразӣ, ба таври саҳеҳ инъикос карда шавад.
АБДУЛАЗИЗЗОДА Н.Ҳ.,
муовини раиси ноҳияи Лахш