Баргашт Чоп кардан

ГУЛИСТОН. ТАЪСИСИ 900 ҶОЙИ КОР ДАР ҶСК «КОМБИНАТИ МАЪДАНТОЗАКУНИИ АДРАСМОН»

Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар шаҳри Гулистон корҳои барқарорсозӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла корҳои навсозии ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон», бомаром идома доранд.

Комбинат аз соли 2013 фаъолият надошт. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир дар ин корхонаи азими саноатӣ идома дошта, он то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Майдони умумии комбинат 50 гектарро ташкил дода, дар 47 гектари он коргоҳу сехҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида истодаанд. Барои татбиқи лоиҳа таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, ҳоло наздики 400 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот ҷалб гардидаанд.
Бино ба маълумоти масъулон, баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхона то 900 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳад шуд. Баъди оғози фаъолият дар комбинат маъданҳои ранга, аз ҷумла нуқра, мис ва сурб то марҳалаи ниҳоии коркард истеҳсол гардида, имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигарондашуда фароҳам мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, захираҳои бойи маъдании минтақа имкон медиҳанд, ки фаъолияти корхона барои солҳои дароз таъмин гардида, дар рушди саноати кӯҳӣ ва металлургияи кишвар саҳми назаррас гузорад.
Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баъди навсозии пурра ва бо ҷалби беш аз 50 миллион доллари ИМА сармоя ба яке аз корхонаҳои муҳими саноатии кишвар табдил ёфта, дар рушди иқтисодиёти вилояти Суғд ва Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт.
Дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок карда, ба соҳибкор Санъатҷон Баротов барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуд. Таъкид кард, ки ободии Ватан аз ободии хона, кӯча, маҳалла ва шаҳру деҳот оғоз меёбад ва ҳар як шаҳрванд бояд дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад. Ин дуюмин майдончаи хурди футбол дар шаҳраки Адрасмон мебошад, ки бо ташаббуси соҳибкор бунёд шудааст.
Инчунин, дар шаҳрак мумфаршкунии роҳҳои байни деҳот бо дарозии 1800 метр ва паҳноии 6 метр бо маблағгузории соҳибкорону сокинон оғоз гардид.
Сокинон изҳор доштанд, ки дар соли 2026, ки Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳӣ эълон гардидааст, минбаъд низ дар ободонии маҳал саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳамзамон, дар ду муассисаи таълимии Ҷамоати шаҳрак таъмири асосӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон идома дошта, беш аз 50 сохтмончии маҳаллӣ ба корҳои таъмиру навсозӣ ҷалб шудааст.
Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ маълумот дод.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»