Ҳар вақте ки сухан дар бораи соҳибкорони саховатпеша меравад, дар Ҷамоати шаҳраки «30-солагии истиқлол»-и ноҳияи Файзобод номи Шоҳин Салимовро низ ба забон мегиранд. Шоҳин Салимов дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ба оилаҳои камбизоат пайваста дасти ёрӣ дароз мекунад. Фарзи мисол, соҳибкор дар арафаи Иди Қурбон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 8 оилаи камбизоат маводи хӯрока, сарулибос ва пойафзол тақдим намуд.
Яке аз корҳои хайре, ки Шоҳин Салимов анҷом додааст, аз масофаи ду километр, аз чашмаи кӯҳи Сешох, ба деҳаи Навобод оби ошомиданӣ овардааст. Албатта, ӯ бо ин амалаш мушкили сокинони деҳаро осон карда, дуои неки онҳоро гирифтааст.
Соҳибкор ният дорад, ки дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ба оилаҳои камбизоат ёрӣ расонад.
Ҳокими САФАР, рӯзноманигор