Мулоқоти роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ бо
президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика
Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика (FIG) Моринари Ватанабе мулоқот кард. Дар мулоқот президенти Иттиҳоди гимнастикаи Осиё Абдурраҳмон ал-Шатрӣ низ ҳузур дошт.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди гимнастика дар Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои судманд байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гимнастика ва Иттиҳоди гимнастикаи Осиё баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои рушди инфрасохтори варзишӣ, омода намудани варзишгарони рақобатпазир ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои омода намудани мураббиён ва доварон, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос, ҷалби мутахассисони байналмилалӣ, истифодаи барномаҳои техникии Федератсияи байналмилалии гимнастика, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалиро муҳокима намуданд. Ҳамзамон, масъалаи бунёди маҷмааи муосири варзишии гимнастикӣ, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, баррасӣ гашт. Моринари Ватанабе омодагии худро барои пурра ба уҳда гирифтани таъминоти маҷмаа бо таҷҳизоти муосири гимнастикӣ изҳор намуд.
ТЕННИС
Ду медали тиллои Сомон Амонов дар Мусобиқаи байналмилалии Andijan Cup
Варзишгари ҷавони кишвар Сомон Амонов дар Мусобиқаи байналмилалии рейтингии “Andijan Cup ITF J30”, ки дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло шуд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ Сомон маҳорати баланд нишон дода бар ҳамаи ҳарифон дастболо шуд. Аз ҷумла, ӯ дар финал варзишгари Ӯзбекистон Никита Ғафуровро шикаст дода, ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид. Ҳамзамон, дар рақобати ҷуфтии мардҳо Сомон дар якҷоягӣ бо намояндаи Ӯзбекистон Никита Ғафуров дар финал бар ҷуфти варзишгарони Қазоқистон ғалаба карда, медали дуюми тиллои худро ба даст овард.
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Пирӯзии чоруми Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC
Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев дар мусобиқаи “UFC Fight Night”, ки 25-уми июл дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, дар вазни сабук (70 кг) Майк Дэвиси амрикоиро шикаст дод.
Нурулло Алиеви 26-сола, ки дар мусобиқоти UFC бо лақаби “Tajik Eagle” (“Уқоби тоҷик”) маъруф аст, дар ҳамаи 12 қувваозмоии худ дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА), аз ҷумла чор муҳориба дар UFC, дастболо шуда, то ҳоло шикастнопазир мебошад.
ГӮШТӢ
Паҳлавонони наврас барои унвони чемпиони ҷаҳон талош мекунанд
Дар шаҳри Боку – пойтахти Озарбойҷон, имрӯз Чемпионати ҷаҳонии гӯштӣ миёни наврасон оҳоз мегардад ва то 2-юми август идома меёбад.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ, дар Чемпионат 675 варзишгар ба қайд гирифта шудааст: 242 нафар дар равияи юнонӣ-римӣ, 242 нафар – тарзи озод ва 186 кас – гӯштии занона.
Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд, 10 нафар намояндагӣ мекунад: Муслиҳиддиин Ҳоҷиев (48 кг), Саид Набиев (51 кг), Абдумуқим Набиев (65 кг), Идрис Баҳромов (71 кг), Аюбҷон Бозорзода (80 кг), Эмомалӣ Сафарализода (110 кг) – гӯштии тарзи озод Маҳдӣ Баротов (60 кг), Бахтовар Пирумқулов (65 кг), Маҳдӣ Азизбоев (71 кг), Ҳаниҷони Шероз (80 кг) – гӯштии юнонӣ-римӣ.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”