Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ЭҲЁ ВА ТАРҒИБИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ


Бозшиносии мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат аз ҷолибтарин падидаҳоест, ки ташаккули давлатдории миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро таъмин намуда, ба сифати рукнҳои муҳими таъмини истиқлоли сиёсӣ шинохта мешавад. Ба масъалаи бузургдошти пажӯҳиши тамаддуни бостон, аз ҷумла унсурҳои тамаддуни ориёӣ, ҷашну маросимҳои миллие чун Наврӯзу Сада, Меҳргону Тиргон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дарки моҳияти амиқи ин нуктаҳои зарурӣ барои густариши давлатдории навини тоҷикон ҳамчун кишвари меросбари хонадонҳои бошукӯҳ, маънавибунёд ва тамаддуни гузаштаи хеш дарак медиҳад.
Дар баробари андешидани тадбирҳои муҳим дар арсаи гиромидошти тамаддуни куҳани тоҷикон, ба таҳқиқи мероси бузурги тамаддуни ориёӣ, ки дар саргаҳи он худи Пешвои миллат қарор дошта, бо таълифи китоби арзишманди “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” дар ин амри муҳим саҳми барҷастае гузоштанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, ки ин шеваи муносиб барои кашфи асрори номакшуфи тамаддуни куҳани миллати мо нақши муассир мегузорад.
21 – 23-юми октябри соли 2019 баргузор гардидани симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳише дар тамаддуни бостон”, ки дар кори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуданд, саҳифаи тозае дар арсаи таҳқиқ ва таблиғи мероси бузурги бостон гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар ҷараёни баргузории ин ҳамоиш таъкид доштанд: “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо таърихи халқи тоҷикро дар алоқамандӣ бо таърихи гузаштагони пешини худ, аз ҷумла бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишини сакоӣ, скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва дигар қавмҳои ориёинажод мавриди пажӯҳиш қарор диҳем. Ҳамчунин, мо бояд мероси гаронбаҳои асрҳои миёнаро то ба имрӯз ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ арҷи бештар гузорем”.
Мусаллам аст, ки тоҷикон дар дарозои мавҷудияти таърихии хеш барои офаридани кохи муҳташами фарҳанг ва маънавиёти ғанӣ, истеҳкоми девори бузурги маърифат, тафаккури барозандаву созанда саҳм гирифта, дар хазинаи ҷовидони хираду андеша ва маънавияти башарӣ падидаву арзишҳои гаронмояе аз худ ба ёдгор гузоштаанд.
Донишманди аврупоӣ Ҳенри Филд вусъату нашри ин тамаддуни тоҷикофарини ориёиҳоро ба таври зайл шарҳ додааст: «Тоҷикҳо мардуми машҳуре ҳастанд, ки сар то сари Машриқзамин парокандаанд ва на танҳо дар кишварҳои Эрон ва Афғонистон, балки дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва кишварҳои таҳти тасаллути ӯзбекҳои тотор сукунат доранд ва ба қавли баъзеҳо онҳо то марзҳои Чин лоақал то Тибет паҳн шудаанд». Чунин вусъатпазирии марзиву бумӣ ва интишори қавмии тоҷикон дар дарозои таърих, ки он аз даврони муҳоҷирати ориёиҳо ва ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзгори ба империяи Ҳахоманишиҳо муттаҳид шудани сарзамини Бохтару Суғд аз Марву Хоразм ибтидо мегирад, дар тамоми даврони таърихӣ бо ташаккули неруи фарҳангсозиву хирадгароӣ, маънавиятофаринӣ анҷом ёфта, чеҳраи ин мардуми бунёдгузор ва созандаро ҳамчун нажоди асилзодаву пок, наҷиб ва монанди ин бозгӯӣ мекунад. Хосатан, дар замони ҳукумати бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир беҳтарин аносири тамаддуни ориёӣ тавассути сиёсати одилона, ваҳдатгароёна ва эҳтиром гузоштан ба дину мазоҳиби мухталифи ин подшоҳи раҳоибахш ва чеҳраи барҷастаи таърих дар марзҳои манотиқи Бобулу Миср, Сурия, Лидия, Мод, Порт, Марв, Балх, Суғд, Ҳинд, Фаластин, Финиқия ва амсоли ин интишор ёфтанд. Куруш дар таърихи башарият нахустин императориеро асос гузошт, ки бо ҳузури чанд миллат фаъолият бурда, дар меҳвари он оштии сиёсиву диниву мазҳабӣ ва таҳкими дӯстии мардум, озодии куллии инсоният ҷой гирифта буд. Ба таъбири Пешвои миллат “Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки такдири онро ба куллӣ тағйир дода, неруҳои ниҳонии онро бедор карда, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд. Ӯ аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид”.
Ҳамин тавр, корномаҳои бузурги Куруши Кабир баробари интишори аносири тамаддуни ориёӣ ба саросари ҷаҳон дар таъмини озодии башарият ва таҳкими ғояҳои олии инсондӯстӣ ва инсонгароӣ нақши муассир гузоштанд.
Баробари ин, дар мавриди сабабҳо ва зарурати бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” таъкид доштанд, ки “бинобар қадимӣ будан, дар миқёси ниҳоят бузург фаъолият доштан, таърихи сиёсии печидаву пурмоҷаро доштани ин тамаддун ҳанӯз бисёр масъалаҳои он, махсусан масоиле, ки ба аҳди қадим мансубанд ва ёдгориҳои хаттию шайъии он давра то ба рӯзгори мо нарасидаанд, инчунин фаъолияти тамаддуни ориёӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ то замони мо ба таври бояду шояд маълуму мушаххас нагардидаанд. Аз ин рӯ, ман соли 2006-умро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон намудам ва хостам, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба таърихи пуршӯру овозадори ниёгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриёрони пешдодию каёнӣ сар карда, ба марҳалаҳои муҳиму мухталифи оини хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем ва аз ҳама муҳимаш, ба ташаккулу инкишофи маданияти моддию маънавии тамаддуни ориёии худ назар андозем ва бар ҳамин мабно ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии худро ба роҳ монем”.
Бо оғози соли нави 2026, ки моро ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пайванд мебахшад, мардуми шарафманди тоҷикро боз ҳам ин саодат насиб гардид, ки бар асоси Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтикорот ва ташаббусҳои навини созандагии хешро дар иртибот бо бузургдошти тамаддуни ориёӣ барномарезӣ намоянд. Дар ин Паёми фардоафрӯз Пешвои миллат, бо такя бар ҳамин манзалати маънавӣ ва таърихии падидаҳои нодири фарҳанги куҳани аҷдодӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки “ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.
Бунёди ин ду кохи азими муаррификунандаи асолати миллӣ ва ҳувияти фарҳангии тоҷикон дар замони муосир аз чанд ҷиҳат қобили аҳамият хоҳад буд. Дар баробари ин, ки мо роҳ ба сӯи бунёди ҷомеаи демократиро пеш гирифтаем, бунёди давлати миллӣ яке аз аҳдофи муҳими давлатдории тоҷикон дар замони муосир ба шумор меравад, ки тарҳу консепсияи он ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои фаъолияти сиёсии Пешвои миллат мушаххасу муайян гардида, мавриди амал қарор гирифт. Баробари ин, Пешвои муаззами миллат борҳо ба ин мақсади наҷиб ва оини неки давлатдорӣ ишорат ва таъкид ҳам карданд, ки тоҷикон таърихи бештар аз шашҳазорсоларо соҳибанд, ки дар он муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ таҷриба шудаанд.
Ташаббусҳои навбатии тақвиятбахши худшиносии миллӣ дар назди мо масъулияти бештар мегузоранд, то дар роҳи муаррифии ин хазинаи нодири таърихи миллат иқдом намоем, зеро мероси ғаноманди ниёгони шарафманд ва таърихи беш аз шашҳазорсола моро, пеш аз ҳама, ба асолати миллӣ ва худшиносии таърихӣ мепайвандад.


Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология,
профессор