Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бомаром идома доранд. Ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва аз байн бурдани муассисаҳои садамавӣ мебошад.
Яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ба номи Ортиқ Қурбонов дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр мебошад. Бинои пешинаи Муассиса солҳои зиёд дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва ба талаботи муосири таълим ҷавобгӯ набуд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маблағи 20 миллион сомонӣ бинои нави таълимӣ барои 320 хонанда қомат афрохтааст, ки дорои 18 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона, толори маҷлис ва ошхона мебошад. Имрӯзҳо корҳои охирини ороишӣ ва ободонии атроф идома дошта, Муассиса дар арафаи оғози соли нави таҳсил дари худро ба рӯйи хонандагон боз хоҳад кард.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ва ду муассисаи таълимии дигар, ки яке аз ҳисоби МИМҲД вилояти Суғд ва дигаре бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегардад, мушкили норасоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Конибодом пурра бартараф мешавад. Ҳамчунин, мактабҳои садамавӣ боқӣ намемонанд.
Дар баробари рушди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба муассисаҳои томактабӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Ҳамробоев сохтмони муассисаи нави томактабӣ барои 240 кӯдак дар арафаи анҷомёбист. Ин кӯдакистон бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, то ифтитоҳи он ҳамагӣ чанд ҳафта боқӣ мондааст.
Тавре соҳибкор Машраб Зокиров иброз дошт, иншоот ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта мешавад. Дар кӯдакистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шароити мусоид муҳайё гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом кӯдакистони давлатии «Нури Робия», ки соли 1936 бунёд гардида, аз охири соли 1990 фаъолияташ қатъ шуда буд, бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Даврон Ҷӯраев пурра навсозӣ гардидааст. Дар натиҷаи корҳои барқарорсозӣ муассиса симои комилан нав гирифта, бо толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхонаи барҳаво, утоқҳои бозӣ ва дигар инфрасохтори муосир таъмин шудааст.
Ба гуфтаи мудири кӯдакистон Марҳабо Олимова, баъди навсозӣ муассиса пурра ба талаботи муосири таълиму тарбия ҷавобгӯ шуда, барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё мегардад. Имрӯз дар муассиса 35 нафар фаъолият мекунанд.
Тибқи маълумоти масъулон, дар Конибодом 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 22 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. То таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз се мактаби нав ва панҷ муассисаи томактабӣ, ки барои 600 кӯдак пешбинӣ шудаанд, ба истифода дода хоҳанд шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”