ДДТТ
Имкониятҳои нав барои баланд бардоштани сифати таҳсил
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2026 ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Ин нукта зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳ Хайрулло Назарзода ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳим дар соли равон арзёбӣ гашт.
Ба иттилои ректор, қарори қабул ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар вохӯрии вазирони маориф ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд, қабул гардид.
Зикр шуд, ки ҳоло Донишгоҳ бо 60 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Танҳо дар соли 2026 бо 13 муассисаи хориҷӣ созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ба гуфтаи Хайрулло Назарзода, ҳамкорӣ барои татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, табодули академӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Сайфиддин СУННАТӢ
КӮЛОБ
Ҳаҷми хисороти офати табиӣ муайян шуд
24-уми июли соли равон дар шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ доир гардид. Давлат Ятимзода, иҷрокунандаи вазифаи директори шуъба, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар давоми 6 моҳи соли равон 6 ҳолати офати табиӣ ва дорои хусусияти техногенӣ сабт гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Данғара, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Дар мавриди суоли хабарнигори рӯзнома оид ба хисороти офати табиии 1 – уми майи соли равон ба амал омада чунин посух дод: “Дар пайи офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб 520 хоҷагӣ зарар дид. Аз ҷумла, ба 1 хона пурра ва 5 хонаи дигар қисман зарар расид. Хисороти сел дар Кӯлоб 11 миллиону 697 ҳазору 272 сомониро дар бар мегирад. Ба сокиноне, ки зарари ҷиддӣ диданд, аз тарафи Ҳукумати мамлакат кумакҳои модию молӣ расонда шуданд.
Д. Ятимзода гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон 31 ҳолати сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 2 ҳолат кам аст. Мутаассифона, дар пайи сӯхтор 7 нафар фавтид. Ҳамчунин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 75 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд мебошад. Боиси таассуф аст, ки дар садамаҳои нақлиётӣ дар музофот 45 нафар ба ҳалокат расида, 75 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Суннати СОДИҚ
Нуралӣ МУЪМИНЗОДА: “Дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини техникаҳои корӣ назаррас аст”
Нуралӣ Муъминзода, сардори Иттиҳоди беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар нимаи аввали соли равон ба дарозии 148 километр шабакаҳои обдиҳиро тоза намуданд. Инчунин, нақшаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ба ҷойи 95,5 километр, ба дарозии 96,4 километр иҷро гардид.
Ба гуфтаи Н. Муъминзода, дар тавозуни муассисаҳои зертобеи Иттиҳод дар музофот 75 техникаю механизмҳои корӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 44-тоаш дар ҳолати корӣ қарор дорад. Техникаҳои таъмирталабе, ки дар тавозуни муассиса қарор доранд, пурра корношояманд. Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ техникаҳои наву замонавӣ ба муассисаҳо дастрас карда мешаванд.
Суннати СОДИҚ