Баргашт Чоп кардан

ТЕАТРИ МИЛЛӢ ДАР МАҚОМИ МИНБАРИ ХУДОГОҲИЮ ХУДСОЗӢ


Мулоҳизаҳо дар ҳошияи намоишномаи “Тоҷгузори миллат”-и Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Бешак, театр ҷою макону даргоҳи худогоҳию худшиносию худсозӣ ва таҷриба кардани дарду ғам, андуҳу алам ва мусибату фоҷиаи қаҳрамонону персонажҳо, аз як тараф ва шодию нишоту суруру тантанаи адолат, аз тарафи дигар, будаву ҳаст. Ба ин маъно, тамошобин на танҳо аз намоишномаи театрӣ кайфияту лаззат мебарад, балки бо иҷрокунандагону актҳои саҳнавӣ ҳамдарду ҳамнишоту ҳамнабарду ҳамқисмат мешавад, ки ин навъи бархӯрди маънавиро дар истилоҳи театрӣ, “таҷрибанамоӣ” (переживание) мегӯянд.
Дар ин замина, 30-юми апрели соли 2026, барои тамошои драмаи таърихӣ – намоишномаи “Тоҷгузори миллат” (шоҳ Исмоили Сомонӣ) аз рӯйи романи “Исмоили Сомонӣ”-и нависандаи муосири тоҷик Бароти Абдураҳмон дар таҳияи Султон Усмонзода дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ меҳмон шудем.
“Тоҷгузори миллат” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он сохтусози давлати миллӣ бар мабнои арзишҳои ҳувиятӣ мавзуи калидӣ маҳсуб меёфт.
Бо таваҷҷуҳ ба кайфият ва вижагиҳои намоишномаи “Тоҷгузори миллат”, мулоҳизаҳои худро минҳайси як тамошобин ва алоқаманди театри ватанӣ ироа медорем:
1. Тими иҷроии намоишномаи театрӣ (иборат аз 17 нафар) дар иҷрои нақшҳо, минҷумла нақшҳои амир Насри Сомонӣ (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машраб), амир Исмоил (Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машраб), Хоҷаи Бузург (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умар), Абдуҷаббори Ҳамза (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асалбек Назрӣ), Абуабдуллоҳи Фақеҳ (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир), Абдулашъаси Аҳмад (ҳунарманд Аъзам Розиқ), Абузакариёи Яҳё (Ризо Юсуфзода), Муҳаммади Нуҳ (Шоҳмурод Аюб), Ҳусайни Аъло (Шаҳзод Ниёз), Ҳамуя ибни Алӣ (Убайдулло Саъдулло), Абумуҳаммади Бухорхудот (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Султонмурод Бобомурод), Абуҳомиди Ясорӣ (Суҳроб Эгамназарзода), Рофеи Арсама (Салоҳиддин Шукурзода), Муҳаммади Ҳорун (Умеди Субҳоналӣ), китобдор (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Исфандиёри Ғулом) ва Абулфазли Марвазӣ (Азиз Ҷумъабой) муваффақ шуданд.
2. Дар намоишнома, аз ҳама муҳим, ҳалқаи васл миёни наслҳои бузургсол (дар мисоли ҳунармандони маъруф Ибодулло Машраб, Асалбек Назрӣ, Исфандиёри Ғулом, Султонмуроди Бобомурод, Ортиқи Қодир, Фирӯз Умар), миёнсол ва ҷавон таъмин карда шуд. Ба сухани равшантар, дар ҷараёни намоишнома ва раванди нақшофарӣ намояндаи ҳар насл мекӯшид, ки аз тариқи талошҳо ва сахткӯшиҳои ҳунарӣ сатҳи ихтисосию ҳирфаии намоишномаро боло бубарад ва нагузорад, ки суръати бозӣ поин равад.
3. Сатҳу сифати намоишномаи “Тоҷгузори бузург”, пеш аз ҳама, бо ҳунари нотакрори Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ибодулло Машраб, ки нақши амир Насри Сомониро офарид, ончунон боло рафт, ки аз оғоз то ба анҷоми намоишнома чун ҷозибаи ҳунарӣ кулли ҳунармандонро атрофаш ҷазб мекард ва ҷаззобияти ҳаракату амалиёти ҳамбозон-партнёронро таъмин менамуд. Албатта, кулли бозигарон дар обуранги намоишнома саҳми асосӣ гирифтанд, вале ядро-ҳастаи намоишномаро ду нафар - амир Насри Сомонӣ (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машраб) ва амир Исмоили Сомонӣ (Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машраб) ташкил медоданд.
4. Тавре ки ишора шуд, дар намоишнома ҳунари бозигарии Ибодулло Машраб қобили таъкиди махсус аст. Ӯ бар мабнои донишу бинишу таҷрибаи ғании ҳирфаӣ, аз як тараф ва ҳунари эъҷозофаринӣ, аз тарафи дигар, тавонист, ки намоишномаро бакуллӣ тамошобобу пурэҳсосу пуршӯру пурҳаяҷон гардонад. Нақш то дараҷае аз ҷониби ҳунарманд омӯхтаву коркард шудааст, ки ҳангоми иҷро ҳатто нафаскашии ҳунарманд дар нақши амир Насри Сомонӣ эҳсос мегардид. Ҳунарманди ҳирфаӣ ончунон нақши амир Насри Сомониро муассир офарид, ки дар ҳар ҳаракату амал, имову ишорат ва ҳатто таваққуфу исту нафаскашии орому шадид симои амир бармало мешуд ва саҳнаро бакуллӣ дигаргун мекард.


5. Персонали эҷодию фаннӣ дар мисоли сенарист, коргардон-таҳиягар, тими тавлидию тадвинию фаннию иҷроӣ ҳамагӣ мавзуи сохтмони давлатро бар мабнои мавқеъгирию манофеи миллӣ дунбол намуда, ғолибан рӯйи ташкили як давлати мутамарказ бар мабнои манофеи миллӣ ва мавқеъгирии дурустҳисобии сиёсӣ тамаркуз шудааст. Албатта, ҷиҳати мустаҳкам намудани хатти сужаи намоишнома лавозими сужасозе мисли кашмакашҳо, низоъҳо, даргириҳо, иғвою дасисабозиҳо, фиребу найрангҳо, фурсатталабию суханчиниҳо, шӯру валвалаҳо ва мунтаҳо, вижагиҳои таркибӣ-сохторӣ-композитсионӣ ва тартиботи сужасозӣ (оғоз, гиреҳ, конфликт, авҷу кулминатсия ва анҷом) дар намоишнома тартиббандӣ шуда, воқеият ва ҳаводиси замонро ба таври бояду шояд бозтоб доданд. Ба ин тартиб, мавзуи меҳварӣ ва калидии намоишномаи “Тоҷгузори миллат” (шоҳ Исмоили Сомонӣ) - раванди давлатсозии миллӣ ва мушкилоту уқдаҳои марбут ба ташкили давлатдории миллӣ буда, тамоми мубоҳисаҳову моҷароҳою ҳаводис дар доираи баҳси давлатсозии миллӣ чарх мезананд.
6. Моҷарои ду бародар (амир Наср ва амир Исмоили Сомонӣ) сари қудрат ва истиқлоли сиёсӣ дар намоишнома меҳвари низоъ-конфликтро ташкил дода, ҳаводисро ба самту сӯйи мушаххасе савқ медиҳанд. Иштиёқи қудрат амир Насрро бо бародар Исмоил, ки талабгори қудрати сиёсӣ дар ҳамбастагӣ бо истиқлоли сиёсӣ ва иттиҳоди миллист, симои дурандеши шоҳ Исмоилро ба намоиш мегузорад. Моҷарое, ки саранҷом ба ҷангу даргирӣ миёни бародарон гиреҳ мехӯрад, бо шикасти амир Насри Сомонӣ ба дасти бародари ҳушманду зирак шоҳ Исмоил анҷом мепазирад. Авҷ ва кулминатсияи намоишнома дар тавбаномаи амир Наср таҳаққуқ меёбад, ки баъди шикасту бандӣ шудан ва аз ҷониби бародар бахшида шудан, фарёди дардноке ба ин мазмун: “Эй хок бар сарам” дармекашад ва аз кардаи худ самимона пушаймон мешавад. Воқеият ин аст, ки вақте ки амир Насрро бандию завлона дар даст назди шоҳ Исмоил меоваранд, аз тахт пойин мешавад, бандҳои дасти бародарро мекушояд, ӯро бо икрому иззат болои тахт менишонад ва омодаи хидмат буданашро арз медорад (шоҳ Исмоил аз тариқи ин навъи политехнология гӯшзад мекунад, ки агар ҳадафи ту - бародар ба даст овардани тахту тоҷу шоҳаншаҳист, бароям бидуни парда ва ҷангу даргирӣ ошкоро арз медоштӣ ва мо ба ҳукми бародарӣ бидуни ҷангу хархашае тахту тоҷро хидматат арзонӣ медоштем). Амир Наср аз ин тавр ҷараён гирифтани ҳодиса сахт хиҷолатзада мешавад ва бадгумонӣ аз бародар ва иштибоҳашро пай бурда, хатою ҷурмашро мардонавор иқрор мекунад. Маҳз ҳамин ҳолати ҳассосро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон устод Ибодулло Машраб бо маҳорати баланд дода тавонист ва тамошобинон ҳам барояш самимона каф кӯфтанд.
7. Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи манзур намудани саҳнаи набарди ду бародар ва моҷароҳое, ки дар заминаи қудратталабӣ зуҳур карданд, тими ҳунарӣ ба мо-тамошобинон ҳушдор доданд, ки доимо дар шоҳроҳи ваҳдату ҳамбастагӣ иқдом намуда, пайваста ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки мусибату фоҷиаҳои гузашта такрор шаванд. Ҷангу набардҳо миёни бародарон ба хотири тахту тоҷ дар таърих зиёд аст, аммо аз ҳаводиси фоҷиабори таърихӣ ибрат гирифтан, бо чашми хирад нигаристан ва бар нафъи халқу Ватану миллат хидмат кардан вазифаи так-таки афроди саршинос аст. Ба назари мо, ин нуқтаи атф ва паёми намоишномаи таърихии “Тоҷгузори миллат” мебошад.
8. Масъулони пружаи театрии “Тоҷгузори миллат” чанд масъалаи муҳимеро, ки дар раванди давлатсозии миллӣ корсозанд, матраҳ намудаанд, аз ҷумла:
а) сиёсатмадорӣ ва давлатсозӣ кори саҳлу осоне нест ва сиёсатмадор касест, ки бар асоси донишу биниш ва таҷрибаи рӯзгор назарияро бо амалия мепайвандад;
б) дирояти сиёсӣ, дурандешӣ, ҳадафгузорӣ, таҳаммулпазирӣ, иштиёқмандӣ, тавоноии баҳодиҳӣ, шинохти дурусти бозиҳои сиёсӣ ва билохира ҷаззобияти сиёсӣ дар ташкил, ҳифз ва устуворсозии пояҳои давлатдорӣ аслу мушаххасоти муҳим маҳсуб мешаванд;
в) давлатдорон ва сиёсиён ҳамеша бо мушкилоту моҷарою таҳдиду фишору хатарҳо дасту панҷа нарм мекунанд ва вуҷуду ҳузури силсиламушкилоти дохилию хориҷӣ, аз як сӯ ва талошу пайкору сахткӯшиҳо ҷиҳати ҳаллу фасли ҳадафмандонаю мантиқии онҳо, аз сӯйи дигар, симои воқеии давлатдорро минҳайси чеҳраи таъсиргузори ҷаззобу харизматик ба ҷилва дармеоварад;
г) дар пешорӯйи ҳар гуна таҳдиду хатару изтироб қарор гирифтану қоим будан, дуруст ҳадаф гирифтан, мавқеъ шинохтан, бидуни тарсу ҳарос сари вақт барномарезӣ кардан меъёр ва меҳвари давлатдорӣ будаву ҳаст ва ин меъёрбандӣ дар сиёсати давлатии шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷо доштааст;
ғ) шинохтан, мушаххас кардан ва дар айни замон ҳифзи манофеи миллӣ (забон, сарватҳои табиӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ, марзу буми аҷдодӣ, ҳудуди сиёсӣ, ҷуғрофиё, давлату сиёсати миллӣ) қудрату нуфуз ва шуҳрату шаҳомату шукӯҳи давлатро дар фазои минтақавию ҷаҳонӣ таъмин месозад;
д) аз мушкилот ва таҳдиду хатарҳои дохилию берунӣ набояд ҳаросид, балки онҳоро бар мабнои сатҳи таъсир ва мазмуну муҳтавою нигаронӣ таҳқиқу ҷудо ва пасон ҳаллу фасл бояд кард;
е) тарбияи насли давлатсозу сиёсатпеша, ки бо дидгоҳи илмию дунявӣ манофеи миллӣ-давлатиро бар кулли манфиатҳои фардию гурӯҳӣ авлавият медиҳанд, аз ҷумлаи паёмҳое буданд, ки тариқи намоишномаи “Тоҷгузори миллат” ба бинандаву тамошобин расонда шуданд.
Театру синамо ҳамчун дастгоҳи муқтадири сиёсию таблиғотӣ воқеан, минбари мафкурасозанд. Аз ин рӯ, театрро минҳайси дастгоҳ ва минбару пойгоҳи мафкурасозии алтернативӣ-гузинавӣ дар баробари таҳоҷумоти фарҳангии берунӣ, хушкандешию хурофотзадагӣ, ки миллатро аз масири рушду шукуфоии зеҳнию ақлонӣ боздошта, ба сӯйи беҳувиятию худбохтагӣ ҳидоят мекунанд, бояд мақому ҷойгоҳи шоиставу арзанда бахшид ва аз ин пойгоҳи мафкурасоз дар таҳкими давлатдории миллию дунявӣ ҳамеша истифода бояд кард.
Нозим НУРЗОДА, фарҳангшинос