Баргашт Чоп кардан

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. АЗ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


Дар ҷаҳони муосир, ки волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими институтҳои демократӣ аз муҳимтарин омилҳои рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти махсус касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи давлатҳое мебошад, ки масъалаи маърифати ҳуқуқиро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил дода, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.


Далели равшани ин гуфтаҳо қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» мебошад, ки 12-уми декабри соли 2025 бо ибтикор ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттифоқи оро қабул гардид. Ин санади муҳим на танҳо дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки эътирофи саҳми арзишманди кишвар дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, аз таҷрибаи татбиқи муваффақонаи Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) дар мамлакат сарчашма мегирад. Зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки таҷрибаи Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардида, бори дигар обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар собит намуд.
Қатъномаи қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид нақши маърифати ҳуқуқиро дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини дастрасӣ ба адолат, рушди идоракунии самаранок, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими волоияти қонун махсус таъкид менамояд. Ҳамчунин, дар он таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақи сиёсати давлатӣ дар самти рушди фарҳанги ҳуқуқӣ арзёбӣ гардидааст.
Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди таҳқиқоти илмӣ ва дастрасии васеи аҳолӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Хусусан, таваҷҷуҳи бештар ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки ин ташаббус ба шумор меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид намудаанд: «Эҳтиром ба қонун бояд ба фарҳанги зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар табдил ёбад». Ин суханон аҳамияти бузурги маърифати ҳуқуқиро дар ташаккули ҷомеаи қонунмеҳвар ва масъулиятшинос бозгӯйӣ менамоянд. Воқеан ҳам, танҳо шахси дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ метавонад ҳуқуқҳои худро ҳимоя намуда, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром кунад ва дар рушди давлат нақши фаъол дошта бошад.
Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти гуногуни ҳуқуқӣ, аз қабили поймолшавии ҳуқуқи инсон, ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои муосир рӯ ба рӯ аст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба яке аз воситаҳои муҳими таҳкими амният, сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти фаромиллӣ дошта, ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ мусоидат менамояд.
Бидуни шак, ин иқдоми созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ташаббуси муҳим ва дурбинона сабт гардида, барои наслҳои имрӯзаву оянда дар роҳи ташаккули ҷомеаи дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун хизмат хоҳад кард.


Фатҳуддин ЗУҲУРЗОДА,
прокурори шаҳри Исфара