Баргашт Чоп кардан

ҶУДО


Паҳлавонони тоҷик дар Гранд-слами Лозанна ширкат мекунанд
Пас аз танаффуси думоҳа, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки паҳлавонони кишвар дар Гранд-слами Лозанна (Швейтсария) ширкат мекунанд.
Ин мусобиқа аз 28 то 30-юми август баргузор мешавад. Барои ширкат дар он то имрӯз 379 варзишгар аз 58 давлат номнавис шудааст. Тими ҷудои ҷумҳурии мо аз 14 варзишгар таркиб ёфтааст: Лоиқ Қутбиддинов (60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Искандар Маҳмадхоҷазода (66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод (73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (81), Абубакр Шеров (81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Шодмон Ризоев (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Сомонӣ Кишваров (100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) – миёни мардҳо; Аҳлия Муминова (48 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг) – миёни бонувон.
Барои тими ҷудои кишвар ин аввалин мусобиқаи расмӣ бо роҳбарии сармураббӣ Ираклий Узнадзе хоҳад буд.


ФУТБОЛ
Чемпионати CAFA-2026 миёни бонувони то 20-сола ба анҷом расид
Дар мусобиқа, ки дар шаҳри Ҳисор доир гашт, чор даста –Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат варзид. Бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як давр баргузор шуданд.
Дар натиҷа, тимҳои Ӯзбекистон ва Эрон ҳар кадом 7 хол ба даст оварданд. Бинобар беҳтар будани таносуби тӯбҳо мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби мусобиқа гардид. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон, медалҳои биринҷӣ бошад, насиби мунтахаби Қирғизистон шуд, ки мусобиқаро бо 3 хол ба анҷом расонд. Дастаи Тоҷикистон дар ҳар се бозии худ мағлуб гардида, дар зинаи охир қарор гирифт.
Ба мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи махсус тақдим шуд. Дастаи Ӯзбекистон бошад, соҳиби ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») гашт.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи навбатӣ ва охирини CAFA дар соли ҷорӣ Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни духтарони то 17-сола моҳи сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.


САМБО
Дар Душанбе Ҷоми ҷаҳон доир мегардад
Маротибаи дуюм пойтахти кишварамон яке аз чорабиниҳои калидии тақвими байналмилалии Федератсияи байналмилалии самбо – Ҷоми ҷаҳонро мизбонӣ мекунад. Мусобиқа 19-20-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст.
Мусобиқа самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо миёни нобиноёнро дар бар мегирад. Дохил кардани самбо миёни нобиноён ба барномаи Ҷоми ҷаҳон дар Душанбе як қадами муҳим дар рушди ин ришта мебошад. Зӯрозмоии нобиноён бори аввал ба барномаи Ҷоми ҷаҳонии FIAS дар Ереван моҳи апрели соли 2026 шомил карда шуда буд.
Ҳамаи федератсияҳои самбои узви FIAS барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Душанбе даъват карда мешаванд. Ҳар як кишвар метавонад то ду варзишгарро дар ҳар вазн пешниҳод кунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”