Баргашт Чоп кардан

МАОРИФ. АВЛАВИЯТ БА СИФАТИ ТАЪЛИМ АСОСИ ПЕШРАФТ ХОҲАД ШУД!


Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ рушди соҳаҳои илму маориф дар меҳвари ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (16-уми декабри соли 2025) чунин гуфтанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, айни ҳол дар кишвар беш аз 4300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки аз ин шумора 172-тояшро литсею гимназия ташкил медиҳад. Ҳайати омӯзгорон бошад, ба беш аз 135 ҳазор мерасад, ки 66 дарсади он занонанд. Бешубҳа, ин ҳама дар болоравии сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон нақши муассир мегузорад. Чуноне ҳамагон шоҳидем, тайи солҳои охир толибилмони Ватани маҳбубамон дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Дар баробари ин бояд таъкид сохт, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ зиёда 40 000 ҳамватанонамон дониш меомӯзанд.
Ногуфта намонад, ки тибқи баҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, дараҷаи саводнокии аҳолии калонсоли кишварамон 99,8 дарсадро ташкил медиҳад, ин ҳама натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Ҳамзамон, Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маорифу илм 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Албатта, ин ҳама ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат баҳри дастгирии насли наврасу ҷавон мебошад, зеро ояндаи дурахшони кишвар дар дасти онҳост. Пас, наврасону ҷавононро мебояд дар ин ҷода саъю кӯшиши зиёд намоянд, то илмҳои муосирро, ки бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд, аз бар намоянд. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ чунин иброз доштанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Мо бояд ин панди Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дар ёдҳо дошта бошему мувофиқи он амал намоем, то Ватани маҳбубу азизи худро бо донишу маърифати волои хеш беш аз пеш ривоҷу равнақ бахшида, ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаву мутараққии олам табдил диҳем.


Азамҷон УСМОНОВ,
устоди ДПДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд