Баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитсзюн вохӯрд.
Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона мусоидат менамояд.
ТОҶИКИСТОН – БЕЛАРУС
Афзоиши ҳаҷми гардиши савдо
Дар шаҳри Минск раиси Палатаи савдо ва саноат Фарҳодшоҳ Раҳмонализода дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов мулоқот кард.
Иброз гардид, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар рушд карда, ҳаҷми гардиши савдо байни давлатҳо дар шаш моҳи аввали соли равон 6,3 фоиз афзудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки занҷираҳои тиҷоратиро ба самти ҳамкории амиқи саноатӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак равона созанд.
СУҒД
Парки саноатии кӯҳӣ-металлургӣ бунёд хоҳад шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо муовини ректори Институти илмӣ-таҳқиқотии металлургияи ранга ва иқтисод, раиси Шурои директорони ширкати «Antaike Information & Technology Co., Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Тсян вохӯрд.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва бунёди парки саноатии кӯҳӣ-металлургӣ дар вилоят баррасӣ шуд.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки таъсиси чунин парки муосири саноатӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияҳои пешрафта, таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши иқтидори содиротии минтақа имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
ВАРЗОБ
Боздиди беш аз 30 ҳазор сайёҳ аз ноҳия
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 34 407 сайёҳ аз ноҳияи Варзоб дидан намуд. Аз ҷумла, 3915 сайёҳи хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияро тамошо кард.
Дар ноҳияи Варзоб зиёда аз 1000 минтақаи истироҳатӣ буда, 110 минтақаи истироҳатӣ оммавӣ-мавсимӣ ба ҳисоб меравад. Якчанд иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Ёвар», «Гулобод», «Гули майда», «Сайёҳ» ва Маҷмааи лижаронии «Сафеддара», доимӣ фаъолият менамоянд.
ПАНҶАКЕНТ
Ҷаласаи Шурои муросо доир гашт
Ҷаласаи навбатии Шурои муросо оид ба тадбирҳои ҳифзи оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳо дар толори Кохи Лоиқ баргузор шуд.
Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим оид ба масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои қонунҳо дар бораи кафолати баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, барномаҳои давлатии марбута сухан карданд.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунат дар оила, коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатию миллӣ, ба шуғли пурмаҳсул ҷалб намудани занон ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти духтарон ҷалб шуд.