Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
Ҷаҳони муосир дар марҳалае қарор дорад, ки арзишҳои як замон босуботу маънидор акнун мақому мартабаи аввалаашонро босуръат аз даст медиҳанд ва фурсати хеле кӯтоҳ барои эҷоди арзишҳои нав дар ихтиёри инсоният мемонад. Дар масири ин дигаргуниҳо аксар ҷомеа бо истифода аз фурсати таърихии барояшон вогузоршуда амалияи ҷомеасозии худро тақвият мебахшанд ва онро дархӯри талаботи рӯзмарра инкишоф медиҳанд. Маҳз дар ҳамин марҳала нақши шахсиятҳои таърихие, ки чунин равандҳоро таҳти таъсири малакаю қобилияти баланди мудирияти иҷтимоию сиёсии худ қарор дода тавонанд, бамаротиб боло меравад.
Агар ба тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлоли давлатӣ мутаваҷҷеҳ гардем, пас аз ду усули маъмулу эътирофшуда – ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатӣ ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад. Вале чун ҳадаф аз таълифи мақолаи мавриди назар бозтоби хидматҳои мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи тамаддуни ориёист, ғолибан атрофи усули дуюми таҳкими истиқлоли давлатӣ, яъне усули тарбияи маънавӣ андеша хоҳем ронд. Усуле, ки дар давлатсозиву давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авлавият дошта, ҳадафи аслияш бедор кардани эҳсоси ватандорӣ дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Ҷавҳари ин усули ояндасозро беш аз пеш ошно намудани мардум бо фарҳанг, таърих, забон, анъанаҳои миллӣ ва дину мазҳаб ташкил медиҳад.
Аввалтар аз ҳама дар бораи забони тоҷикӣ хоҳем гуфт, албатта, баланд бардоштани мақом ва нуфузи он ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии усули маънавии таҳкими истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ин робита Пешвои миллат ибтикореро амалӣ намуданд, ки дар таърих назир надорад. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба ҳукми анъана даромад. Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар заминаи ин ному насаби ғайритоҷикии шаҳрвандон, номи кӯчаву деҳа ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо исмҳои зебои миллии таърихӣ иваз гардид. Марказҳои маъмурӣ – ҳудудие, амсоли Суғду Рашт, Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Темурмалику Спитамен, Ҷомию Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъсис ёфтанд, пули миллӣ ба муомилот баромад. Бо назардошти суистифода шудани дини мубини ислом ва ба хотири пешгирии хурофот Сарвари хирадсолори мамлакат соли 2009-умро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда, 300 ҳазор нусха Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ, асарҳои Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Абуҳакими Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷикро чоп намуданд.
Таҷлили санаҳои пураҳамият дар муаррифии таърихи пурғановати миллат, аз ҷумла 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии шаҳри Ҳисори Шодмон ва 5500-солагии Саразм далели дигари роҳандозии усули маънавии таҳкими истиқлоли давлатӣ мансуб шуда, ҳаққи таърихии тоҷиконро ба арзишҳои мавриди назар қавитар гардонд. Ва ниҳоят, ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ходими илму адаб Нисор Муҳаммад низ ҷузъе аз ин раванд аст.
16-уми декабри соли 2025 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод оид ба таъсиси Конуни махсус ё Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, тантанаи адолат хоҳад буд, агар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эхёгари тамаддуни ориёӣ номем.
Бо ҳисси ифтихор бояд нависему гӯем, ки тамаддуни ориёӣ ба шарофати густурдагии мазмуну моҳият, осебнопазирии ахлоқӣ ва қобилияти созгоршавӣ ба марҳилаҳои мутафовути замон ба маънои том мондагор маҳсуб шуда, дар заминаи ташаббуси мавриди назар Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём доданд, ки омӯзиши он танҳо тамаркуз ба таърихи пурғановат нест. Баръакс, тамаддуни ориёӣ, ки дар таърихи инсоният бо ҷанбаҳои мусбат мунъакис шуда, баҳри ташаккули меъёрҳои ахлоқию иҷтимоӣ саҳми бориз дорад, қодир аст дар шароити кунунӣ низ аҳли сайёраро аз буҳронҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва мафкуравӣ эмин нигоҳ дорад.
Дар таълимоти тамаддуни ориёӣ ҳастии инсон размгоҳи некӣ бар бадӣ, равшанӣ бар зулмот, бунёдкорӣ бар зиёнкорӣ тафсир шудааст. Таъкид гардидааст, ки комёб будани инсон дар ҳар самт, дар навбати аввал ба ботини ӯ рабт дорад. Ба ибораи дигар, масъулияти шахсӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои фалсафии тамаддуни ориёист. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд: «Бетарафӣ нишонаи марг аст». Ин ҷанба дар тамаддуни ориёӣ меҳвар буда, тибқи таълимоти он, инсон ҳамчун мавҷуди фаъол аст, на бетафовуту бетараф. Худсозӣ, ки бе он ислоҳоти иҷтимоӣ имконнопазир аст, ҷавҳари ин тамаддун мебошад. Дар ин зимн талқин шудааст, ки инсон барои дигаргун намудани олам қодир аст. Ахлоқро ба одати ботинӣ табдил додан низ мансуб ба тамаддуни ориёӣ буда, сармашқи кор қарор додани ин таълимот дар шароити кунунӣ муҳим асту муфид.
Ба шарофати ибтикори зикршуда мақоми шаҳри Душанбе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро «симо ва оинаи давлату миллат» номидаанд, болотар рафта, дар он хиради бостонии ориёӣ бо тафаккури муосир тавъам хоҳанд гашт. Дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир, ки бархӯрди манфиати абарқудратҳо рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст, моҳияти арҷгузорӣ ба асли хеш, алалхусус ба тамаддуни ориёӣ, рӯзафзун аст. Ба андешаи мо, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба ин масъала яке аз фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Раванди давлатсозию давлатдории ин абармард моҳияту мантиқи гуфтаро собит менамояд. Шоҳидем, ки дар ақсои олам мушкилоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ торафт густурда шуда, эмин мондан танҳо ба василаи тақвияти ҳувияти миллӣ, табодули фарҳангӣ ва таҳким бахшидани ваҳдату ҳамбастагӣ имконпазир аст. Коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоӣ ҷанбаҳои манфии равандҳои муосир, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешаванд.
Ҳаводиси солҳои охир собит намуданд, ки истодагарӣ дар муқобили ҷаҳонишавӣ кори саҳлу сода нест, вале дар сурати сармашқи кор қарор додани таълимоте, ки маҳсули хиради волои инсоният ба ҳисоб мераванд, хосса тамаддуни ориёӣ метавон дар ин самт комёб гардид. Дар робита ба ин, бояд донист, ки вожаи «ориёӣ» муҳтавои ахлоқиро доро буда, марбут ба инсонҳоест, ки якдилу якҷиҳату якрӯ мебошанд. Маҳз бо истинод ба ин омил тамаддуни ориёиро тамаддуни ахлоқие номидаанд, ки ҷавҳараш хираду адолат аст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон фазои сиёсиест, ки «зичӣ»-и рӯзафзуни он мустақиман аз равандҳои нисбатан ҷадид ва дар аксар маврид ба фарҳангу ахлоқи носозгор вобаста мебошад. Ба доман паҳн намудани ин тамоюл, ҳамчунин, чолишҳои тамоман нави тамаддун мусоидат мекунанд, ки онҳо заминаҳои воқеиро барои фаъолияти муштараки одамон фаротар аз марзҳои давлатӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, мазҳабӣ ва дигар монеаҳо фароҳам меоранд. Ҷаҳонишавӣ ва равандҳое, ки он ба вуҷуд меорад, устуворӣ ва мутобиқшавии намунаҳои анъанавии рафтор, гуфтор, кирдорро месанҷанд. Барои ҷомеаи имрӯзаи мо, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ қарор дорад, тамаддуни ориёӣ метавонад ҳамчун таконбахши худшиносӣ хидмат кунад. Мутаассифона, на ҳама моҳияти худшиносиро дуруст дарк кардаанд. Ҳатто як идда онро ба маънои инзиво тафсир менамоянд, ки комилан иштибоҳ аст. Тавре аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, маҳз тавъам гардидани тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои инсонӣ боиси бомаром ташаккул ёфтанаш гардид. Масалан, забон дар тамаддуни ориёӣ оинаи тафаккур арзёбӣ гардида, ба шарофати он мафҳумҳои ба ахлоқ, иҷтимоъ ва фалсафа рабтдошта маъмул гардиданд. Ҳарчанд ин раванд ба ғанӣ гардидани фарҳанг, илм ва санъат мусоидат намуд, вале ҳамгироӣ, ки рукни асосии тамаддуни мавриди назар ба ҳисоб меравад, тағйирнопазир боқӣ монд. Бо истинод ба омилҳои зикршуда хулоса ин аст, ки тамаддуни ориёӣ маҷмуи тасодуфии суннатҳо нест, балки низоми комилшудаи тафаккур мебошад. Ҳарчанд ин тамаддун тули асрҳо таҷдид гардид, аммо моҳияташ осебнопазир монд. Дар ҷаҳони имрӯза, ки суръати тағйирот аз имкони дарки ахлоқии инсон пеш гузаштааст, эҳтиёҷ ба қолаби арзишҳо, ки тамаддуни ориёӣ намунаи беҳтарини он маҳсуб мешавад, бештар эҳсос мегардад. Техникаву технологияи иттилоотии муосир ҷанбаҳои мусбати зиёд доранд, аммо сарфи назар шудани меъёрҳои ахлоқӣ боис мегардад, таъиноти онҳо комилан тағйир ёбад. Аз ин зовия низ муҳимияти тамаддуни ориёӣ баръало аст, зеро тавъам будани рушду такомул бо масъулиятро талқин менамояд.
Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷанбаҳои мусбати ҷаҳонишавиро инкор намуданӣ нестем. Вале мадди назар бояд дошт, ки дар баробари паҳлуҳои мусбат, ин раванд аз омилҳои манфӣ низ орӣ нест. Вобаста ба таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст». Аз ин лиҳоз, дар раванди ҷаҳонишавӣ афзалият додан ба гуфтугӯйи тамаддунҳо, бо назардошти инкишофи ахлоқи глобалӣ, зарур ва ногузир аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати поягузор ва наҷотбахши давлату миллат мушкилоти мавҷударо беш ва пеш аз дигарон дарк менамоянд ва пайваста кӯшиш мекунанд, ки зимни тасмимгирӣ вобаста ба дилхоҳ масъала, аз ҷумла глобалӣ ва дохилӣ, тавозуни манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ риоя гардад. Ин яке аз фазилатҳои абармардони дунёи сиёсат буда, чунин ашхос дар марҳалаҳои муайян барои бақои давлату миллатҳо ва таъмини суботи сиёсӣ дар ақсои олам масъулият доранд. Дар марҳалае, ки аксар нухбагони кишвар ва ташкилоту созмонҳои мазҳакаофар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аланга медоданд, Роҳбари ҷавони давлат эълон карданд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Дар заминаи ин иқдом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, иродаи шахсиро ба иродаи мардум пайвастанд.
Таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Пешвои миллат ба тамаддуни ориёӣ давоми мантиқии силсилаибтикороти таърихии ин абармарди дунёи сиёсат буда, рамзу ҳикмати зиёд дорад. Дар ин зимн ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан мутмаин гардид, ки миллати тоҷик ҳамчун яке аз қадимтарин миллатҳои минтақа, дорои таърихи беш аз шаш ҳазор сол, дар тули асрҳо на танҳо ҳифзкунандаи суннатҳои фарҳангӣ, балки офарандаи арзишҳои тамаддунӣ, илмӣ ва ахлоқӣ аст. Барои мисол, таъсиси Конуни махсус ё Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба як фазои мутамаркази илмӣ-таҳқиқотӣ, фалсафӣ ва маърифатӣ табдил ёбад, ки дар он таърихи куҳан на ҳамчун ривояти сиёсишуда, балки ҳамчун воқеияти илмӣ ва таҷрибаи зиндаи инсоният таҳлил гардад. Амалишавии ин кор боис мегардад, ки тамаддуни ориёӣ бо усулҳои муосири илмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ин замина ҷанбаҳои мусбати марбут ба миллату давлати тоҷик баръалотар гардад. Хосса дар замоне, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва тасмимҳо барои таҳрифи воқеияти ба миллати мо рабтдошта зиёданд ин иқдом муҳим асту саривақтӣ.
Далели собитшуда аст, ки тамаддуни ориёӣ ҷузъи таконбахши ташаккули ҳамаҷонибаи башарият маҳсуб шуда, инчунин, ӯро дар назди ҷомеа, табиат ва оянда масъул менамояд. Ба шаҳрвандон, хосса насли наврас, талқин ва ҳатто таҳмил намоем, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар заминаи ташаббусҳои пурҳикмат, ки эҳёи тамаддуни ориёӣ яке аз онҳост, таърихи ғанӣ, қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми бориз доранд. Мо бояд беш аз пеш арҷгузор бошем, ки бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ, ки дар ин миён эҳёи тамаддуни ориёӣ мақоми хосса дорад, руҳияи миллӣ ба вуҷуд омада, боис гардид, ки мо дар ҳама самтҳо комёб бошем.
Дар маҷмуъ, вазифаи мо аст, ки ба тоҷику тоҷикистониён ва ҷомеаи ҷаҳонӣ моҳияти ин иқдоми беназирро муфассал, бо истинод ба далелҳои муътамад ва дар қолаби жанрҳои гуногуни журналистика ва публисистика шарҳу тавзеҳ диҳем. Саҳмгузор будан дар ин кори хайр рисолати шаҳрвандӣ аст, зеро он ҷомеаро ба омӯзиши таърих, ифтихор аз дастовардҳои имрӯз ва эҳсоси масъулият барои фардо водор мекунад.


Далер АБДУЛЛО, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ