Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН. БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮЙИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ


Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон заминаҳои мусоидро барои муносибатҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Дар ин замина, даҳсолаҳои охир муносиботи Тоҷикистон бо Муғулистон ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардида, ҳар ду ҷониб барои таҳкими заминаҳои ҳамкориҳои дарозмуддат, устувор ва бисёрсамта талош меварзанд. Яке аз омилҳои муҳими ин раванд сафарҳо ва мулоқотҳои сатҳи олии давлатӣ ба шумор рафта, тули 34 соли муносибатҳои дипломатии ҳар ду кишвар мунтазам сурат гирифт ва барои густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мусоидати ҳамаҷониба намуд. Маҳз дипломатияи сатҳи олӣ барои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию институтсионалии муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон нақши муҳим бозид.
Мавриди зикр аст, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими марҳалаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2025 ба ҳисоб меравад. Ин сафар барои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муайян сохтани самтҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳо 20 – 22-юми июли соли 2026 сафари ҷавобии давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон баргузор гардид. Ин сафар дар доираи татбиқи сиёсати хориҷии «дарҳои кушод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, дар ҷараёни он вохӯриву мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор шуданд. Зимни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, барои густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳифзи манфиатҳои муштараки ҳар ду кишвар тавофуқҳои муҳим ба даст оварданд. Ин сафар ҳамчун марҳалаи нав дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон арзёбӣ гардида, барои таҳкими шарикии дарозмуддат ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба заминаҳои устувор фароҳам овард.
Қобили зикр аст, ки заминаи меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аз 26 санади дуҷониба иборат буда, асоси ҳуқуқии рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар самтҳои гуногун таъмин ва танзим менамояд. Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи мо дар солҳои оянда таҳкими минбаъдаи заминаи шартномавӣ, бахусус дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, иқтисоди рақамӣ, гумрук, энергетика, амнияти озуқаворӣ, «иқтисоди сабз» ва ҳифзи муҳити зист, метавонад ба рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои мо, сарфи назар аз муносибатҳои дӯстона ва густариши муколамаи сиёсӣ, то ҳанӯз ба сатҳи имкониятҳои воқеӣ нарасидаанд. Масалан, ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду давлат нисбатан маҳдуд буда, асосан марбут ба дурии ҷуғрофӣ, набудани роҳҳои мустақими нақлиётӣ, маҳдуд будани робитаҳои соҳибкорӣ ва нокифоя будани иттилоот дар бораи бозорҳои якдигар мебошанд. Бо вуҷуди ин, низоми иқтисодиёти ҳар ду кишвар дорои хусусияти такомулёбанда буда, барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди ҳамкорӣ афзоиши гардиши мол байни ду кишвар ба шумор рафта, Тоҷикистон дорои имконоти васеъ дар бахши содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушк, маҳсулоти пахтагӣ, нассоҷӣ, алюминий, обҳои маъданӣ ва дигар маҳсулоти саноатиро дорад. Муғулистон бошад, метавонад гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, пашм, кашемир, чарм ва ашёи хоми чорводориро ба Тоҷикистон содир намояд.
Дар марҳалаи татбиқи созишномаҳои дуҷониба тақвияти робитаҳои байни соҳибкорон низ аз аҳамият холӣ нест. Ба роҳ андохтани фаъолияти Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон, ташкил ва гузарондани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои доираҳои соҳибкорӣ метавонанд боиси дарёфти шарикони нав, бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ гарданд.
Ҳамзамон, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ яке аз шартҳои асосии густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошад. Азбаски ҳар ду давлат роҳҳои баҳрӣ надоранд, истифодаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла дар масири Чин – Осиёи Марказӣ – Муғулистон, метавонад хароҷоти интиқоли молро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулоти содиротиро баланд бардорад.
Бо мақсади бартараф намудани мушкилот зарур аст дар ин самт фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон тақвият дода шуда, Шурои соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории соҳавӣ мунтазам фаъолият намоянд. Ҳамчунин, мувофиқсозии қоидаҳои гумрукӣ ва фитосанитарӣ, рушди логистика, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар савдо ва ташкили минтақаҳои нави ҳамкории истеҳсолӣ метавонанд ба рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд.
Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон дар соли ҷорӣ яке аз рӯйдодҳои меҳварӣ дар таърихи муносибатҳои дуҷониба маҳсуб ёфта, барои рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон заминаи устувор гузошт.


Соҳиби БАҲРУЛО,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва
Аврупои АМИТ