Баргашт Чоп кардан

ҶАББОР РАСУЛОВ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР НОҲИЯ


Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба шумор рафта, рушди соҳаи кишоварзӣ дар татбиқи ин ҳадаф нақши муассир дорад.


Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ кишоварзон бо истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи агротехникӣ ва ташкили дурусти кишти такрорӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд. Натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 нишон медиҳанд, ки соҳаи кишоварзии ноҳия рушди устувор дошта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 487 миллиону 930 ҳазор сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 миллиону 310 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани истеҳсолот татбиқи таҷрибаи гирифтани ду-се ҳосил аз як замин мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки аз ҳар як қитъаи замин дар як сол чанд маротиба ҳосил гирифта шавад ва самаранокии истифодаи замин, даромади хоҷагиҳо ва таъминоти бозор бо маҳсулоти ватанӣ афзоиш ёбад.
Дар байни хоҷагиҳои пешқадами ноҳия хоҷагии деҳқонии «Комунаи Париж», воқеъ дар деҳоти Ғӯлакандоз, ки дар ихтиёраш 13,5 гектар замин дорад, ҳамчун намунаи истифодаи самараноки замин шинохта мешавад. Дар хоҷагӣ 10 саҳмдор фаъолият мекунад.
Бино ба иттилои раиси хоҷагии деҳқонии мазкур Абдураҳим Ҷабборӣ, самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ парвариши пахта, ҷуворимакка барои дон, гандум, ҷави баҳорӣ, картошка, полизӣ ва юнучқа мебошанд. Ғайр аз ин, хоҷагӣ соҳиби боғи мевадиҳанда буда, аз он низ ҳосили хуб ба даст меорад. Роҳбарият ва саҳмдорони хоҷагӣ бо риояи муҳлатҳои агротехникӣ ва истифодаи ҳар ваҷаб замин, баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал, фавран кишти такрориро ба роҳ мемонанд. Масалан, пас аз ҷамъоварии ғалладона дар қисми зиёди заминҳо кишти полизӣ, сабзавот ё зироатҳои хӯроки чорво анҷом дода мешавад. Дар баъзе қитъаҳо бошад, вобаста ба шароити иқлим ва таъминоти об, имкони гирифтани то се ҳосил дар як сол муҳайё мегардад.
Таҷрибаи хоҷагии деҳқонии «Комунаи Париж» нишон медиҳад, ки истифодаи илмӣ ва оқилонаи замин, меҳнати софдилонаи деҳқонон ва банақшагирии дурусти кишт метавонад аз як қитъаи замин чандин маротиба бештар маҳсулот истеҳсол намояд.
Имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов садҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ аз таҷрибаи пешқадам истифода бурда, кишти такрорӣ ва гирифтани ду-се ҳосилро васеъ роҳандозӣ мекунанд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”