Федератсияи футболи Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи «FIFA Talent Development Scheme» дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хоруғ барои мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон семинарҳо баргузор кард.
Ба иттилои ФФТ, ҳадафи асосии чорабинӣ рушди футболбозони ҷавон, ҷорӣ намудани методологияи ягонаи омодасозии бозигарон ва такмили низоми дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Семинарҳоро директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков, сардори шуъбаи таҳлил ва методологияи раёсати техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, мураббии ФИФА оид ба рушди истеъдодҳо Грег Бриттон гузаронданд.
Умаралӣ Сафаралӣ, "Ҷумҳурият"