Баргашт Чоп кардан

ҶИУҶИТСУ


Се медали варзишгарони мо дар Чемпионати Осиё
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 10-ум Чемпионати Осиё оид ба ҷиуҷитсу миёни калонсолон ва 3-юм Чемпионати Осиё миёни ҷавонон баргузор шуд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 27 кишвари қора ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро даҳ варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани се медал – 1 тилло, 2 биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали тиллоро Иброҳим Алимадов дар параҷиуҷитсу ба даст овард ва аввалин чемпиони Осиё аз Тоҷикистон дар ин ришта шуд. Салмон Ризоев ва Исмоил Зиёев ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.


ВАРЗИШИ САБУК
Дар Ҳафткӯл ниммарафони экологӣ доир мегардад
1 - 2-юми август дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент 5-ум ниммарафони кӯҳии экологӣ баргузор мешавад.
Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дод, ҳадафи чорабинӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Иштирокчиён дар масирҳои ҳаяҷоновари кӯҳӣ давида, инчунин, дар аксияи экологии тозагии соҳил ширкат мекунанд.


ГИМНАСТИКА
Душанбе бори аввал мизбони Чемпионати Осиё мешавад
Соли 2027 Душанбе бори аввал Чемпионати Осиё оид ба гимнастикаи акробатикиро баргузор мекунад.
Чунин тасмим дар ҷаласаҳои сатҳи баланди Федератсияи байналмилалии гимнастика дар шаҳри Душанбе гирифта шуд. Илова бар ин, қарор дар бораи таъсиси Маркази муосири гимнастика дар Душанбе қабул карда шуд, ки ҳамчун пойгоҳ барои тамрини варзишгарон ва баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.
Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон иброз намуд, ки мусобиқаи дарпешистода барои кишвар имкониятест, ки худро ба аудиторияи васеътари байналмилалӣ муаррифӣ кунад. Барои гимнастикаи тоҷик ин имкониятест ҷиҳати расидан ба марҳалаи сифатан нави рушд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”