Дирӯз зимни дидори муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо намояндагони низоми байналмилалии пардохтии VISA, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Ҳумо Бонк» ва ҶСК «Алиф Бонк» масъалаи оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар рафти он намояндагони низоми пардохтии байналмилалии VISA ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи хизматрасонии мазкур изҳор намуданд.
Роҳандозии хизматрасонии Apple Pay марҳалаи муҳими рушди низоми миллии пардохтӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳамгироии бозори молиявии Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии рақамӣ, мутобиқ гардидани инфрасохтори пардохтии кишвар ба талаботи муосири байналмилалӣ ва омодагии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, мувофиқ ва бехатари пардохтӣ шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, рушди инноватсияҳои молиявӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ гардида истодаанд.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайянгардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои рушди инфрасохтори муосири пардохтӣ корҳои назаррасро ба анҷом расондааст. Айни замон, дар кишвар низомҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқолҳои фаврӣ, хизматрасониҳои бонкдории мобиливу интернетӣ ва QR-рамзи ягона фаъолият доранд.
Дар баробари хизматрасониҳои байналмилалии пардохтии Google Pay ва Garmin Pay, роҳандозии Apple Pay доираи хизматрасониҳои муосири пардохтиро боз ҳам васеътар менамояд. Ҷорӣ намудани ин хизматрасонии муосири пардохтӣ натиҷаи тадбирҳои пайгиронаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, татбиқи технологияҳои пешрафтаи молиявӣ, тавсеаи ҳисоббаробар- куниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироии низоми пардохтии кишвар ба фазои ҷаҳонии рақамӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионии пардохтӣ, баланд бардоштани сатҳи фарогирии молиявӣ ва густариши хизматрасониҳои муосири пардохтӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»