Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУНОДИИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН


Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036» бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихор ва шарафи бузурги ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Мусаллам аст, ки қабул гардидани пешниҳодҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид кори саҳлу осон нест. Ҳар як пешниҳод аз ҷониби давлатҳои узв ҳаматарафа омӯхтаву баррасӣ мегарданд. Пешниҳоди навбатии ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷикон доир ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036» саривақтӣ буда, он қариб ду сол мавриди омӯзиш қарор гирифт ва ниҳоят бо иттифоқи оро қабул гардид. Ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо миллионҳо мардуми сайёра, бахусус занону кӯдакон, аз оташи ҷанг дар тарсу ҳарос буда, ниёз ба сулҳу оромиш доранд.
Фикр мекунам, ки давлатҳои узви СММ бо тамоми ҷузъиёташ таҳлил намудаву ҷавҳари бунёдии чунин пешниҳоди ояндасозро шинохтанд. Бо чашми сар диданд ва дарк намуданд, ки пешниҳоди Қаҳрамони миллати соҳибтамаддуни тоҷик, чеҳраи мунири ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, аз нигоҳи рӯйдоду воқеоти замони муосир барои аҳли башар аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Маҳз ҳамин сиёсатмадори дурандешу хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардидаву қариб ба нестӣ рафта буд, бо хиради азалӣ аз вартаи ҳалокат наҷот додаву халқи парешонгаштаро дубора ба мулкаш оварда, ба яке аз давлатҳои ободу шукуфон ва амнтарини ҷаҳон табдил доданд. Ба муаммоҳои садсолаи марзиву ҳудудии давлатҳои Осиёи Миёна – ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо қабули Эъломияи дӯстии абадӣ хотима бахшиданд.
Аҳамияти ташаббуси нави Тоҷикистон маҳз дар он зоҳир мегардад, ки ба оянда нигаронда шудааст. Дар маркази таваҷҷуҳи ин ташаббус на танҳо ҳалли мушкилоти имрӯза, балки ҳифзи манфиатҳои наслҳои минбаъда қарор дорад. Ҳар як қарор, ки имрӯз дар сатҳи миллӣ ё байналмилалӣ қабул мешавад, метавонад ба зиндагии даҳсолаҳои баъдӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, фарҳанги сулҳ бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ, низоми маориф, муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад.
Пас бо ифтихор метавон гуфт, ки Пешвои маҳбубу фарзонаи миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки мунодии сулҳ дар ҷаҳон ҳастанд. Сарвари давлати мо бо қалби бузурги хеш таҷрибаи нодири сулҳофарии хешро барои ҷаҳониён манзур намуда, тамоми башарият, хосса насли фардои ин оламро зери осмони софу беғубор дидан мехоҳанд, то ин ки идомадиҳандагони ҳаёт дар рӯйи Замин зиндагии босаодат дошта бошанд. Ин аст қаҳрамониву ҷасорат, садоқату вафодорӣ нисбат ба инсоният ва хислати олии инсонӣ.


Аминҷон ШАРИФЗОДА,
сармуҳаррири
“Ҳақиқати Суғд”