Баргашт Чоп кардан

НИЗОМ ДАР ЭНЕРГЕТИКА НИЗОМ ДАР ИҚТИСОДИЁТ АСТ


Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар таъмини пешрафти саноати вилояти Суғд саҳми барқкорон, алалхусус филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон, калон аст. Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон ҳашт шаҳру ноҳияи вилоят: Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Бӯстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Мастчоҳро фаро гирифта, барои бо барқ таъмин намудани ҳам иқтисодиёт ва ҳам аҳолии онҳо масъул аст.
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ, ки ба шарофати хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб – Шимол» низоми ягонаи энергетикии кишвар созмон дода шуд, зеристгоҳи «Суғд – 500 кВ» барои вилояти Суғд иншооти муҳимтарини энергетикӣ ба шумор меравад. Он соли 2009 бунёд ёфта, дар солҳои минбаъда навбати дуюмаш ба истифода дода шуд ва ҳоло корҳо барои бунёди навбати сеюм идома доранд.
Дар ин давра, инчунин, хатҳои баландшиддати 110 кВ «Қайроққум – Ашт» ва «Хуҷанд – Айнӣ» ба истифода супурда шуданд. Бо такмили инфрасохтор барқкорони вилоят, аз ҷумла кормандони филиали мо, дорои имконияти беҳтари интиқол ва таъмини барқ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз охири соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбинии ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳолатҳои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуд. Баъд аз ин, бобати истифодаи неруи барқ эътибори махсус пайдо шуд. Вақте барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, аз ҷумла бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани он, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои ҳисоби барқ ҷазо муайян гашт, акнун таъминот бо барқ аз хизматрасонии одӣ ба сару кор гирифтан ба маҳсулоти зарурии стратегӣ табдил ёфт, муносибат бо он низ дигар шуд.
Дар ин раванд, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 288 санади қоидавайронкунӣ тартиб дода шуд, ки маблағи ҷаримаи он 880,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Гулистон 273118 муштарӣ дорад, ки аз он 256031 нафар муштарии маишӣ (аҳолӣ) ва 17087-тоаш корхона мебошанд.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ мо, пеш аз ҳама, ба таҳкими маърифати энергетикӣ эътибор медиҳем ва дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Бояд ҳар як истифодабарандаи барқ аниқ эҳсос намояд, ки барқ маҳсулот аст, маҳсулоти хеле зарурии зиндагӣ ва рӯзгори мо. Вақте аз ин маҳсулот истифода мебарӣ, бояд сарфакор буд ва ҳар киловатт неруи барқро оқилона истифода бурд. Дуздидани он бошад, ҷиноят аст!
Тавре дар боло гуфтам, инфрасохтори таъминоти барқ сол ба сол беҳтар мегардад. Акнун вақти он расидааст, ки мо – кормандони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба ҳисобу китоби саҳеҳи барқ эътибори ҷиддӣ дода, амалҳои худро аз дохил ба низом дароварда, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии барқи истифодашударо зери назорати ҷиддӣ гирем.
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намудан ва дар ин раванд таҳким ёфтани низоми дохилии соҳа моро дилпур менамояд, ки ҳадафи олии соҳаи энергетика – пурра бартараф кардани норасоии неруи барқ дар кишвар ва ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардидани мо торафт наздик мешавад.
Ҳар дастоварде, ки дар кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаи саноат, ба даст меояд, мо – энергетикҳо низ шарики асосием ва инро дар меҳнати ҳаррӯзаи худ эҳсос менамоем.


Порсо ИСОЕВ, роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Гулистон, инженер-электрик