Баргашт Чоп кардан

Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд


29-уми июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазир, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода ҷаласаи дуюми Шуро баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025 – 2027, натиҷаҳои татбиқи нақшаи амали Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ барои давраи солҳои 2024-2026 ва лоиҳаи нақшаи ҳавзавӣ оид ба захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон баррасӣ гардиданд.


ТОҶИКИСТОН – ҶОПОН
Баррасии таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ ва металлургия зимни мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо ҳайати Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо манфиатдории муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ, коркарди амиқи ашёи хом, табодули таҷриба ва густариши ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар таъкид намуданд. Инчунин, имконоти ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологӣ, рушди иқтидори кадрҳо, аз ҷумла ташкили давраҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами Ҷопон дар бахшҳои кӯҳкорӣ ва металлургия баррасӣ шуд.


“Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз”. Намоиши либосҳои миллӣ
29-уми июл дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони “Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз” намоиши либосҳои миллӣ доир гашт.
Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ дод, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз ҷумла, чакан, атласу адрас, гулбасту алоча, читгароӣ, зардӯзию қуроқдӯзӣ, шерозбофӣ, тарғиби мӯйи дароз, ороиши мӯй, кокулбофӣ, майдабофӣ ва баланд бардоштани мақоми арзишҳои фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода таъкид сохт, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонанд, масъалаи ҳифзи либоси миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.


ДУШАНБЕ
Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳ
29-уми июл бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бахшида ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳти унвони «Сулҳ – арзиши олӣ ва асоси рушди тамаддуни инсон» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш собиқадорони меҳнат ва ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун иштирок карда, вобаста ба аҳамияти сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот андешаҳои хешро баён доштанд.


ҲИСОР
Семинар-машварат доир ба таҳкими сулҳ
29-уми июл дар толори МИМҲД шаҳри Ҳисор бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, доир ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027– 2036» семинар-машварат баргузор шуд.
Муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода таъкид сохт, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини суботу амнияти сайёра ва тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи сулҳхоҳӣ нақши барҷаста хоҳад бозид.


Афзоиши назарраси содироти маъдан
Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти маъдании Тоҷикистон, аз ҷумла семент, маъданҳои тозакардашуда, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва неруи барқ, ба 500 миллиону 324 ҳазор доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад.
Тавре зикр мегардад, ки ин нишондиҳанда соли қаблӣ 334 миллиону 492 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода буд.