Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Олимбек Юлдошзода:
“1044 ҷойи кори нав таъсис дода шуд”
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон баргузор гардид.
Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, раванди иҷрои барномаҳои давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва вазифаҳои минбаъда ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода, зикр кард, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёд, азнавсозӣ ва таъмири 600 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи бандҳои нақшаи чорабинӣ пурра иҷро гардида, 1044 ҷойи кори нав таъсис дода шуд. Бо ташаббуси соҳибкорон ва фаъолони ноҳия 100 банди иловагӣ нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, айни ҳол 56 банди он иҷро шуда, ҷиҳати иҷрои 44 банди боқимонда корҳои бунёдкорию созандагӣ бомаром идома доранд.
Зимни нишаст рушди соҳаи кишоварзӣ низ натиҷагирӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 487 миллиону 930 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 миллиону 310 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 126 фоизро ташкил дод.
Сурайё ҲАКИМОВА


КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Хобгоҳ барои 700 донишҷӯ ба истифода дода мешавад
Сохтмони бинои хобгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар арафаи анҷомёбӣ буда, айни замон рангуборкунии дохил ва беруни иншоот ҷараён дорад.
Тавре Ҷумъахон Назарзода, директори Коллеҷ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, бинои хобгоҳ аз 9 ошёна иборат буда, барои 700 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Маблағи умумӣ барои бунёди хобгоҳ 33 миллиону 595 ҳазор сомониро ташкил намуда, то кунун 25 миллиону 181 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Ба иттилои номбурда, дар Коллеҷ 4 ҳазору 344 донишҷӯ таҳсил мекард. Соли ҷорӣ 1296 нафари онҳо, аз ҷумла 54 нафарашон бо дипломи аъло, Коллеҷро хатм намуданд.
– Нақшаи қабул барои соли нави таҳсил қариб иҷро гардидааст. Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар Коллеҷ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи шартнома пурра озод ҳастанд, – афзуд Ҷ. Назарзода.
Суннати СОДИҚ