Дар ту ман рӯидаам аз хок,
Мебарам номи ту то афлок,
Кардаам бо ҳастиям идрок,
Тоҷикистон, дӯстат дорам!
Беҳтар аз ҷон дӯстат дорам!
Бо ту дорам бахти бетимсол,
Бо ту ҳастам ҳамнафас, ҳамбол,
Кишвари сулҳиву истиқлол,
Тоҷикистон, дӯстат дорам!
Беҳтар аз ҷон дӯстат дорам!
Аз азал дар ҷони ман бошӣ,
Гавҳари чашмони ман бошӣ,
Ман зи ту, ту они ман бошӣ,
Тоҷикистон, дӯстат дорам!
Беҳтар аз ҷон дӯстат дорам!
ЗЕБОВАТАН
(Мустазод)
Зеботар аз ин нест дигар ҷои тамошо,
Ин ҷо Ватани мост.
Он ҷо, ки сарояд ба ҳавас булбули шайдо,
Боғу чамани мост.
Он ҷо, ки баланд асту сафед асту муҷалло,
Он қуллаи бахт аст,
Он ҷо, ки бихандад ҳамадам лолаи зебо,
Дашту дамани мост.
Ҳар ҷо нигарӣ чеҳра ба рӯи ту кушода,
Ин ҷо ҳама сода,
Ҳар ҷо, ки бувад ҳарфи хуше анҷуманоро,
Шеъру сухани мост.
Он ҷо, ки садо медиҳад аз меҳр тарона,
Бар гӯши замона,
З-он ҷо, ки сухан мерасад аз ишқу таманно,
Он анҷумани мост.
Дигар набувад дар ду ҷаҳон хонаи ором,
Эй миллати хушном,
Ин ҷо Ватани мост, ягона, Ватани мо
Чун ҷон ба тани мост.
АЗ НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ
Манам аз насли истиқлол дар Меҳан намоянда,
Суруди якдилӣ аз минбари ваҳдат сароянда.
Барои ҳастию ободияш кӯшем беминнат,
Бимонад Тоҷикистон, то ҷаҳоне ҳаст поянда.
Агар аз дил ба дил раҳ нест, роҳи зиндагӣ ҳам нест,
Дари дил боз кун, хоҳӣ ки бошӣ раҳкушоянда.
Ба кеши ишқ побандам, бурун аз кӯчаи фандам,
Наям одам, агар бошам ба ҳар мазҳаб гароянда.
Тамоми қудрати эҷоди худро сарфи шодӣ кун,
Сафар, шеъри ту гардад доғи дилҳоро зудоянда.
МУҲРИ ИСТИҚЛОЛ
Дидем ҳақиқат шуд, афсонаи истиқлол,
Уммед чароғон шуд, дар хонаи истиқлол.
То ҳаст Ватан барҷо, ҳаргиз нашавад беҷо,
Муҳре, ки Худо монда дар номаи истиқлол.
* * *
Дар хоки ту хушбахти ҷаҳонам, Меҳан,
Аз туст хамӯшиву баёнам Меҳан.
Чун нест ба даҳр Тоҷикистони дигар,
Рафтан зи барат наметавонам, Меҳан.
* * *
Пурсанд зи ман ҷуз ту чӣ дорам, Меҳан?
Ғайри ту ба кас кор надорам, Меҳан.
Дорам ҳама чиз дар канорат, охир,
Берун биравам, чӣ мебиёрам, Меҳан?
* * *
Кардаст ба кӯҳ ошён Меҳани ман,
Ҳамсоя шуда ба осмон Меҳани ман.
Имрӯз ҳама аҳли башар медонанд,
Хона-ст ҷаҳон, боми ҷаҳон – Меҳани ман.
* * *
Кашидан метавонам аз сухан даст,
Зи сайри боғу домони чаман даст.
Барои зиндамонӣ мекашам ранҷ,
Наметонам кашидан аз Ватан даст.
Сафари АБДУРАҲИМ,
сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон