Деҳаи Қурғончаи деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз ба яке аз намунаҳои равшани ҳамбастагии ҷомеа ва ободкории деҳот дар вилояти Суғд табдил ёфтааст. Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии пайвастаи мақомоти маҳаллӣ, саҳми соҳибкорони ватандӯст ва ҳамдиливу иттиҳоди сокинон дар ин деҳаи дурдаст корҳои созандагӣ вусъати бесобиқа гирифтаанд.
Қурғонча тақрибан 45 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир буда, зиёда аз ҳафт ҳазор аҳолӣ дорад. Барои сокинони деҳаи сарҳадӣ беҳтар гардидани инфрасохтор, албатта, омили муҳими таҳкими амният, субот ва рушди минтақа мебошад.
Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои охир сохтмони пули нав ва таҷдиди роҳи мошингард ба деҳа мебошад. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода, пул бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ватандӯсти деҳа Абдуқаҳҳор Мерганов сохта шуда, барои татбиқи ин лоиҳа 3 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Имрӯз асфалтпӯшкунии қитъаи даҳкилометра ба анҷом расида, дар маҷмуъ, 24 километр роҳ то маркази деҳа пурра таъмиру навсозӣ шудааст.
Дар соҳаи маориф низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омадаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, ки аз ду бино иборат аст, имрӯз 1250 нафар хонандаро ба таълим фаро гирифтааст. Бинои нави Муассиса, ки соли 2024 ба истифода дода шуд, барои таҳсили хонандагони синфҳои болоӣ бо тамоми шароити муосир таъмин мебошад.
Дар паҳлуи мактаб сохтмони кӯдакистони дуошёна бо усули ҳашар идома дорад. Ин ташаббус боз як намунаи олии ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии сокинон мебошад. Мардуми деҳа бо меҳнати дастаҷамъона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ фаъолона саҳм мегузоранд ва ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд. Пас аз ба истифода додани кӯдакистон, кӯдакони деҳа пурра бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Китобхонаи деҳа низ баъди таъмири асосӣ ба маркази фаъоли фарҳангиву маърифатӣ табдил ёфтааст. Фонди он аз 3750 нусха китоб иборат мебошад. Имрӯз китобхона 550 нафар хонандаи доимиро муттаҳид намуда, дар таҳкими маърифати ҷомеа нақши муассир дорад.
Собиқадори соҳаи маориф Маҳмудҷон Юлдошев мегӯяд, ки тағйироти солҳои охир натиҷаи таваҷҷуҳи давлат ва ҳамбастагии сокинони деҳа мебошад.
«Замоне дар деҳаи мо кӯдакистон ва мошини ёрии таъҷилӣ вуҷуд надошт, роҳҳо низ дар ҳолати номусоид қарор доштанд. Имрӯз бошад, роҳҳо асфалтпӯш гардида, пулҳо сохта шудаанд ва маркази саломатӣ бо мошини муосири ёрии таъҷилӣ таъмин гардидааст. Китобхона ба маркази воқеии маърифат табдил ёфтааст. Ҳамаи ин барои беҳтар шудани зиндагии мардум ва тарбияи насли оянда заминаи устувор гузоштааст», – мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки деҳаи Қурғонча бо дастовардҳои худ дар таҳкими рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва вилояти Суғд саҳми арзанда мегузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”