Баргашт Чоп кардан

ИСФАРА. «БАЗЕБ» 50 НАМУДИ ПОЙАФЗОЛ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД


Коргоҳи хурди пойафзолбарории «Базеб»-и шаҳри Исфара айни замон фаъолияти босамар дорад. Ба гуфтаи роҳбари он Баҳриддин Сироҷов, имрӯз дар коргоҳ истеҳсоли 50 намуди пойафзол ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо пойафзолҳои ҳарбӣ, корӣ ва варзишӣ истеҳсол мешаванд. Ӯ, ҳамчунин, иброз доштааст, ки бо дастгирии шарикони рушд барои коргоҳ феҳристи маҳсулот омода гардид ва ин иқдом дар муаррифии истеҳсолоти ватанӣ ва пайдо кардани бозорҳои нав нақши муҳим бозидааст.
Айни замон дар корхона 17 нафар фаъолият мекунад, ки, аксаран бонувонанд. Ба гуфтаи Баҳриддин Сироҷов, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити кор ва афзоиш додани истеҳсолот як дастгоҳи нави истеҳсолӣ аз Чин фармоиш шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он боз чанд ҷойи кор таъсис ёфта, иқтидори истеҳсолӣ аз 100 ҷуфт пойафзол дар як баст то ба 400 – 500 ҷуфт афзоиш хоҳад ёфт.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки рушди соҳаи пойафзолдӯзиро маҳдуд мекунад, фаъол набудани корхонаҳои коркарди пӯст дар кишвар аст. Гарчанде Тоҷикистон аз лиҳози захираи пӯсти чорво имкониятҳои хуб дорад, аммо бинобар набудани коркарди саноатии он, истеҳсолкунандагон маҷбуранд қисми зиёди ашёи хоми заруриро аз хориҷ ворид намоянд. Ба таъкиди Сироҷов, имрӯз ҳатто пӯсти чорво дар баъзе мавридҳо, бо сабаби коркард нашудани он дар дохили мамлакат, истифода намешавад. Аз ин рӯ, бунёди корхонаҳои муосири коркарди пӯст яке аз қадамҳои муҳим барои рушди саноати сабук ба ҳисоб меравад. Ташкили чунин корхонаҳо на танҳо вобастагии истеҳсолкунандагони ватаниро аз воридоти ашёи хом коҳиш медиҳад, балки ба истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон низ мусоидат хоҳад кард.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”