![]()

Дар толори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ фаъолияти муассисаи нави таълимии «Школа 21» муаррифӣ гардида, аз оғози қабули нахустин довталабон расман хабар дода шуд. Лоиҳаи мазкур бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ шуда, бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Сбербанк Интернешнл» роҳандозӣ гардидааст.
Муовини аввали сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориён зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, таъсиси «Школа 21» идомаи мантиқии сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Парвиз Нориён ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025- 2030-ро – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омӯзиши талаботи бозори меҳнат ва афзоиши шумораи мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Ӯ таъкид кард, ки имрӯз маҳдудияти асосии рушди иқтисоди рақамӣ на инфрасохтори техникӣ, балки норасоии мутахассисони соҳибкасб мебошад. Ба гуфтаи Парвиз Нориён, дар ҳоле ки дар кишварҳои ҳамсоя ҳазорҳо ширкати IT фаъолият дорад, дар Тоҷикистон шумораи чунин ширкатҳо тақрибан ба 250 мерасад. Бо вуҷуди ин, содироти хизматрасониҳои IT дар солҳои охир афзоиш ёфта, соли гузашта ба 50 миллион сомонӣ расид. Аз ин рӯ, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти калидӣ касб мекунад.
Зикр гардид, ки «Школа 21» муассисаи ройгони омӯзиши технологияҳои рақамӣ буда, шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд сарфи назар аз сатҳи таҳсил, таҷрибаи корӣ ва ё дониши барномасозӣ дар он таҳсил намоянд. Барномаи таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, ба таҷрибаи амалӣ асос ёфтааст.
Директори генералии «Школа 21» Рустам Айниддинов иброз дошт, ки муассиса барои омода кардани мутахассисон дар самтҳои барномасозӣ, амнияти киберӣ, идоракунии лоиҳаҳои IT ва дигар бахшҳои муосири технологияҳои рақамӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, модели таълим пурра ба омӯзиши амалӣ ва ҳамкории иштирокчиён такя менамояд.
Директори калони идоракунандаи «Сбербанк Интернешнл» Олег Капитонов ба роҳбарияти Хадамоти алоқа ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии татбиқи ин лоиҳа изҳори сипос намуд.
Тибқи иттилои масъулон, қабули довталабон аз марҳалаи интихобии «бассейн» оғоз мегардад. Пас аз бақайдгирӣ ва санҷиши онлайн иштирокчиён ба омӯзиши 14-рӯза роҳ ёфта, баъди бомуваффақият гузаштани он метавонанд дар зиёда аз 20 самти технологияҳои иттилоотӣ таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки «Школа 21» усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол»-ро истифода бурда, хатмкунандагони он имкони фаъолият дар ширкатҳои бузурги IT ва стартапҳои технологиро пайдо хоҳанд кард.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»