Дар бораи озод намудани хизматчиёни ҳарбии
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Полковники гвардия Раҳимзода Олим Ширин аз вазифаи сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
– полковники гвардия Набизода Файзулло Шодимад аз вазифаи командири бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
– полковники гвардия Одиназода Абдусалом Маҳмадулло аз вазифаи командири бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
– полковники гвардия Маҳмадализода Ҳасан Ибод аз вазифаи командири бригадаи махсуси комендантии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 июли соли 2026, №1197
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъин намудани хизматчиёни ҳарбии
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Полковники гвардия Саъдуллозода Фатҳиддин Раҷабалӣ сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
– полковники гвардия Одиназода Абдусалом Маҳмадулло командири бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
– полковники гвардия Камолзода Нусратулло Абдулло командири бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 июли соли 2026, №1198