Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор шуд.
Иброз гардид, ки ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи тулонӣ дошта, навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки то имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои мамлакат маъмул аст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш ба зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад.
Тибқи Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивал он аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои кӯдакона, идона, расмӣ ва арӯсию домодӣ сурат гирифта, тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон маҳсули ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳр барномаи фарҳангии рангин пешкаши иштирокдорон шуд.
Дар фарҷом, беҳтаринҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардиданд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»