![]()
![]()
Дар ноҳияи Данғара ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Ин раванд бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳмгузории фаъоли сокинон дар деҳоту маҳаллаҳо вусъати тоза касб намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз корҳои ободонӣ дар деҳаи Хуррамзамини ноҳия дидан карда, роҳи маҳаллии навбунёдро ба масофаи 1 километр ба истифода супурд. Роҳ барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт, рафтуомади сокинон ва пайваст намудани маҳаллаҳои деҳа бо дигар мавзеъҳои аҳолинишин аҳамияти муҳим дорад.
Дар идома ба масъалаи рушди соҳаи маорифу фарҳанг ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мутолааи китоб низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар деҳа бунёди китобхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидаанд. Китобхонаи нав бояд ба яке аз марказҳои муҳими маърифатию фарҳангии деҳа табдил ёфта, барои сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, шароити муносиб барои мутолааи китоб, омӯзиши илм ва истифодаи адабиёти гуногуни таълимию бадеиро фароҳам созад.
Раиси вилоят дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, ҳамчунин аз рафти сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст дидан кард. Иншоот бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд гардида, пас аз қомат афрохтан барои беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон ва коҳиши норасоии ҷойи нишаст мусоидат хоҳад кард. Давлаталӣ Саид зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии Коллеҷи политехникӣ ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлати иҷрои корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифат ва таъмини сатҳи баланди корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар деҳоти Сафобахш сохтмони муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак, майдончаи варзиш, маркази хизматрасонӣ ва панҷ хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон бомаром идома дорад.
Зимни боздид аз иншооти сохташаванда Давлаталӣ Саид гуфт, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи пурраи меъёрҳои шаҳрсозӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонда шаванд.
Бо чунин суръати бунёдкорӣ ноҳияи Данғара дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои пешрафти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ заминаи устувор мегузорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»