Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар мавзуи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм – ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои муқовимат ба онҳо» семинар баргузор гардид. Дар он роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими муқовимат ба зуҳуроти коррупсионӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия, терроризму экстремизм ва таъмини амнияти ҷомеа равона гардидааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизм марзу миллат ва дину мазҳаб надоранд ва мубориза бар зидди онҳо вазифаи дастаҷамъонаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад». Инчунин, Сарвари давлат пайваста ёдрас менамоянд: «Коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди устувори давлат буда, мубориза бо он танҳо бо иштироки фаъоли ҷомеа ва риояи қатъии қонунгузорӣ самараи дилхоҳ медиҳад».
Дар рафти семинар иштирокдорон доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ миёни ҷавонон мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳои муҳими пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»