Баргашт Чоп кардан

ХУҶАНД. БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД


Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар партави ин сиёсати созанда дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, кӯдакистонҳо ва биноҳои иловагии мактабҳо бо суръат идома дошта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Дар баробари маблағгузории давлатӣ, ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ низ, дар бунёди мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ҷумла, бо саҳми ҶДММ «Марв-сохтмон» бинои нави Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бунёд гардида истодааст. Бино аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Ҳамчунин, корҳои омодагӣ барои бунёди бинои иловагии Гимназияи №4 низ оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо саҳми ҶДММ «Тоҷ-сохтмон» дар назди Гимназия бинои иловагӣ барои 1700 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифта буд.
Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №26 идома дорад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои хонандагон шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, бо татбиқи лоиҳаҳои нав хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7, 11, 14 ва Гимназияи №13 дар биноҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар маҳаллаи 14-уми шаҳр бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Мақсади нек» барои 650 хонанда дар як баст ва кӯдакистон барои 120 нафар бунёд мешавад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистони хусусии «Ворисон» дар марҳалаи анҷомёбӣ буда, мувофиқи нақша мактаб барои 160 хонанда ва кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ гардидааст.
Умуман, ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли равон дар вилояти Суғд бунёди 91 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин 70 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба хабарнигори “Ҷумҳурият” хабар дод.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”