Ба шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолии давлат бо кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид муносибатҳои мутоқобилан судмандро тавассути дипломатияи сулҳҷӯёна ва ташаббускорона дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ оғоз намуд. Имрӯз Тоҷикистон бо бештари кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст. Яке аз ин кишварҳо Муғулистон маҳсуб меёбад.
Чунонки аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ иттилоъ доданд, Муғулистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро пас аз эълони соҳибихтиёрии давлатии он ба расмият шинохт ва яке аз аввалинҳое буд, ки 24-уми апрели соли 1992 бо он равобити дипломатӣ барқарор намуд.
Мавриди зикр аст, ки ба марҳалаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Муғулистон сафарҳо ва мулоқотҳои сатҳи олӣ мусоидат намуданд. Тули 34 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон пас аз эълони сиёсати "дарҳои кушода" дар асоси принсипҳои СММ ва манфиатҳои ду кишвар вохӯриҳо ва мулоқоти судманд анҷом додаанд.
Дар ҳамин радиф, 23-юми июли соли 2025 Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид. Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо зарурати фаъол гардондани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд.
Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмуи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷониби Тоҷикистон таҳия ва қабули барномаи ҳамкориҳо ва роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Шурои соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва баргузории мунтазами ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд. Ҳамзамон, ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд. Дар доираи ин сафари корӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин, рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор гардид.
Хулоса, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар буд, ки имрӯз онҳо ба марҳалаи нави робитаҳои гуногунҷанба ноил гаштанд. Муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар дар солҳои охир таҳким ёфта, аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоду фарҳангро фаро мегиранд. Гарчанде ин ду мамлакат бо ҳам ҳамсарҳад нестанд ва дар минтақаҳои ҷуғрофии гуногун ҷойгиранд, дар асоси манфиатҳои муштарак ва эҳтироми тарафайн ҳамкории мутақобиларо рушд медиҳанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»