Баргашт Чоп кардан

МЕҲРОФАР. САҲФАЕ ЧАНД АЗ ДАФТАРИ РӮЗГОР ВА АШЪОРИ ОЗАРАХШ


Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш (Толиб Карим) аз шоирони номвар ва садоқатварзи адабиёти ҳазорсолаи мост. Ҳама чакомаҳояш хонданиву ба дил нишастанист. Дар эҷоди вожаҳои наву форам, ёфтани ифодаҳои тозаву бикр ва баёни ормонҳои мардум дасти тамом дорад. Агар чунин набуд, ин қадар таронаҳои нағзу пурмағз дар дилу ҷони мо наменишаст, яъне шеъру ғазалҳои ӯ суруда намешуд.
Ёдоварии вижа мехоҳад, ки устод аз таронанависҳои чирадасти мост. Таронаҳои ӯро, ки пиру ҷавони олами ҳунари мо оҳанг баста, сурудаанд (Афзалшоҳи Шодӣ, Хосияти Зарафшонӣ, Ҷамшед Исмоилов, Фурқати Саид, Дамирбек Олимов...), имрӯзҳо дар Бадахшон ҳам шунида мешаваду дар Хатлону Рашту Ҳисор ҳам.
Кам соҳибдилеро медонам, ки бо суруди “Шоир”-и устод Афзалшоҳи Шодӣ ҳамовоз нашуда бошад, “Бомҳо пасту баланд афтода дидам, бом-бом”-ро ёд доред? Ё магар шумо ҳам мисли мо “Хандаи Хуршед дар даврон нагунҷад, айби кист?” гуфта, савол додаву саршори маърифат шудаед?
Ёдатон ҳаст суруди машҳури “Хез, модар, ки мусофирписарат омадааст”. То ҳол дар ин поя кам таронае дорем. Ин суруди мардумӣ, ки касе аз шоираш ёд ҳам намекунад, аз чакомаҳои ҷоннавози шоир Озарахш буда, дар чанд оҳангу парда ва аз тарафи чанд тан сарояндагони номвари мо суруда шудааст. Бавижа, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Ҷамшед Исмоилов ин шеърро суруди мардумӣ сохт ва ҳоло ҳам аз писандидатарин таронаҳои мост.
“Ватан! Афсонапардозе туро афсона мехонад” ҳам аз таронаҳои дилпазири чанд соли охир гардида, аз тарафи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ ва ду шогирди ӯ суруда мешавад.
Намедонам тоҷикеро, ки бо Дамирбеки равоншод “Дунё” гуфтаву фиғон аз дил набароварда бошад, ё “Бачагӣ” гуфта, дилаш гум назада бошад...
Хулоса, устод барои дороии ганҷинаи суруду таронаҳои мо хидмати шоистае кардааст, ки сазовори зикр аст. Ин бахши кори эҷодии шоир пажӯҳиш мехоҳад.
Аз ҷумла, дар ин матлаб паёми мо ин аст, ки Озарахш кашшофи илми вижаву нотакрори модаршиносӣ мебошад. Ин гапро рӯ ба рӯ дар маҳфили рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳам гуфта будем. Бесабаб нест, ки “Ҷумҳурият” Озарахшро барандаи Шоҳҷоизаи даври дувуми Озмуни байналмилалии “Дуои модар” дар соли 2024 баргузидааст.
Биёед, шеъри нозанинро бори дигар хонем:
Ашк гавҳар мешавад дар дидаи гавҳаршинос,
Набзи ахтар метапад дар синаи
ахтаршинос.
Хоксорони ҷаҳон аз хок зар меофаранд,
«Қадри зар заргар бидонад, қадри заргар
заршинос».
Санг месабзад зи шукри резаборони баҳор,
Нур бо хуршеди ховар мешавад ховаршинос.
Қадри неъмат баъди неъмат ғайри оҳу
нола нест,
Марги модар мекунад фарзандро
модаршинос.
Озарахш, озар надорад зиндагӣ бе нури ишқ
Оташи ишқ аст, дар хокистари озаршинос...


Дар ҳамин ғазали машҳуру ба гумонам, мондагортарини адабиёти мо се вожа наву тару тоза метобад. Таваҷҷуҳ фармоед: “соғаршинос”, “модаршинос” ва “озаршинос”. Соғаршинос касест, ки аз ҳама навъи шароб мечашаду кадоме беҳтар аст, ташхис медиҳад. “Озаршинос”-ро низ ба маънии “оташшинос” метавон истифода бурд. Дар ҳоле ки дар ғазал ин калима ба маънии озарахшшинос истифода шуда, касе, ки оянда пайи пажӯҳиши осори шоир мешавад, ин унвонро хоҳад гирифт. Мо ин се вожаро дар фарҳангҳо ҷуставу наёфтем ва маълум гардид, ки кашшофи ҳам вожа ва ҳам ихтисосҳои тоза шоири мавриди назари мо аст.
Дар ин байн вожаи нозанини “модаршинос”, дар воқеъ, тару тоза аст. Ва ишораи дарднок он аст, ки мо ин илми пурғамро дар натиҷаи ғафлати тулонӣ ва баъди аз даст додани модар меомӯзем ва модаршинос мешавем.
Дар ин давом гуфтан сазост, ки ин ғазали машҳурро Афзалшоҳи Шодӣ бо оҳанги аҷибу дилпазир сурудаву ба ҷони миллионҳо мардуми тоҷику порс расондааст.
Хитоби пуризтироби шоир ин аст, ки биёед, пеш аз марги модар модаршинос шавем! Ҳанӯз, ки ин олиҳаи муҳаббат зинда аст, ба қадраш расем, ба дидори муборакаш биштобем, дар суҳбаташ нишинем, аз табассум ва нури чеҳрааш сер шавем. Фардо дер хоҳад шуд ва шояд фардо вуҷуд надошта бошад.
Ва ростӣ, дарди аслии таронаҳои ба модар бахшидаи сарояндагони мо ҳам ҳамин аст: ҳамеша ҳасрат, ҳамеша алам. Ончунон ба назар метобад, ки дар зиндагияш ҳеҷ фарзанди ин миллат ба қадри модараш нарасида бошад.
Ҳаловату маърифат ва ибрат аз модарномаи Озарахш бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳоло, ки фурсат ҳаст, модаршинос бошем!


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”