Фирӯза Нуруллозода: “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 111,2 фоиз иҷро шуд”
Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода зимни нишаст аз дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи аввали соли равон ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар шаҳр то ҳол панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо 700,7 ҳазор доллари ИМА аз худ шудааст. Сармояи хориҷӣ, асосан, барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, сармояи мустақим барои истеҳсоли молу маҳсулот ва беҳтар намудани хизматрасонӣ, инчунин, сармояи дохилӣ барои бунёду ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва иншооти манзилию иҷтимоӣ равона гардидааст.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ аз 223 банд иборат буда, то имрӯз 248 банд амалӣ шудааст, ки 111,2 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ҳамзамон, барои соли 2026 зиёда аз 50 номгӯйи корҳои ободониву бунёдкорӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24-тои он иҷро шудааст.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмири куллии меҳмонхонаи «Хуҷанд» бомаром идома дошта, барқарорсозии кӯли шаҳрӣ бо истифода аз имкониятҳои шаҳр ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон пурра анҷом ёфтааст.
Сурайё ҲАКИМОВА
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
4852 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд
Ҷурабек Қурбонзода, директори раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 8703 шаҳрвандони бекор муроҷиат намуда, аз ин 7756 нафар ба қайд гирифта шуд.
Аз шумораи шахсони ба қайд гирифташуда 4852 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд, ки 57,1 фисади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 1018 нафари дигар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба онҳо кумакпулӣ таъин гардидааст.
Ба гуфтаи номбурда, дар 6 моҳи гузашта 104 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронда, дар натиҷа 714 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Суннати СОДИҚ