Баргашт Чоп кардан

Баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо СММ


Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати мулоқот намуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.


ВКХ
Барои иштироки фаъоли ҷавонон дар идоракунии давлатӣ заминаи мусоид
фароҳам аст
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва сармояи стратегии давлат дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули насли ҷавони соҳибкасб ва ватандӯст, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.


ДУШАНБЕ
Ҳамоиш оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гашт
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон таҳти унвони «Гендер, технология ва савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба пешгирии савдои одамон ва истифодаи технологияҳои муосир дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлубро баррасӣ карданд.


РАШТ
Дастовардҳои ноҳия дар МД "Боғи Ирам" муаррифӣ гардиданд
2-юми август дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и пойтахт Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт бо пешниҳоди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода, меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия шинос шуда, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатиро тамошо намуданд.
Рӯзҳои истироҳат дар пойтахт, ҳамчунин, рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Балҷувон ва Дарвоз доир гаштанд.


Озмоишгоҳи радиоэкология ва муҳити зистро ба истифода доданд
Дар филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки президенти Академия Қобилҷон Хушвахтзода озмоишгоҳи муосири радиоэкология ва муҳити зист, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва таҳлилӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ба истифода дода шуд.
Таъкид гардид, ки таъсиси чунин озмоишгоҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, рушди илмҳои табиатшиносӣ, таҳкими иқтидори илмии мамлакат ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳамияти хос дорад.


СУҒД
Олимпиадаи вилоятии «Ахтарони дониш» баргузор шуд
Олимпиада соли дуюм аст, ки бо мақсади дарёфт ва дастгирии кӯдакони боистеъдод, рушди қобилияти зеҳнӣ, донишандӯзӣ ва омодасозии онҳо ба зинаи таҳсилоти умумӣ доир мегардад.
Дар он 46 кӯдак аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, аз рӯйи се номинатсия: “Хештаншиносӣ”, “Инкишофи нутқ” ва “Тасаввуроти одитарини математикӣ” рақобат намуданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят қадр хоҳанд шуд.