31-уми июл дар шаҳри Чолпон-Ота Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро имкони мусоид барои баррасии роҳҳои пешбурди муштараки масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ давлатҳои минтақаро ба вокуниши муштарак ва муассир нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ даъват намуданд.
Ҳамзамон, Сарвари давлати мо афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба минтақаи мо таъкид сохта, изҳор доштанд, ки ин раванд барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, саноат, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун афзалиятҳои муштараки кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли сӯзишворӣ сохта шаванд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат рушди робитаҳои фарҳангию гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими пояҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни мардумони мо арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварамонро ҷиҳати идомаи талошҳо барои татбиқи қарорҳои муштараки қабулшуда таъкид сохтанд.