Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036, ки ба таври рамзӣ дар арафаи Ҷашни 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории 153 кишвари узви ин ниҳоди бонуфузтарини ҷаҳон дастгирӣ ёфт, баёнгари қотеи обрӯ ва эътибори сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз ба ҳисоб меравад, ки он ба шарофати ибтикороти ҳаётан муҳими Пешвои миллат ба ҷомеаи башарӣ ба армуғон оварда шудааст.
Ин нукта ба хотири он ниҳоят зарур ва саривақтӣ аст, ки ҷаҳони имрӯз ҳар лаҳза ба сулҳ ва оромӣ ниёз дорад. Хоссатан, дар партави он ҳаводисе, ки дар минтақаҳои Ховари Миёна, Шимоли Африқо ва дигар гӯшаю канори дунё рух дода истодаанд, ташаббуси навбатии сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоси таърихӣ дорад. Он на танҳо ба хотири қатъи бесуботиҳои дар ҷаҳони имрӯз идомадошта равона карда шудааст, балки маънои ҷилавгирӣ аз низоъҳое аст, ки имкон доранд дар дурнамо авҷ бигиранд, зеро дар ҳоли ҳозир, беш аз ҳафтод нуқтаи доғи таниш дар сайёра мавҷуд аст.
Ба ҳамин бунёд, ҷонибдорӣ гардидани ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид маънои маҷмуи ҳадафҳои глобалиро ба худ гирифтааст, ки онҳо аз ҷумлаи ниёзмандиҳои сатр ва сатҳи аввали ҷомеи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Дар ин миён метавон аз мавзуи пешгирии низоъҳои мавҷуда ва мавриди назар дар дурнамо ёд кард, ки ҳоло ҳам дар аксари нуқоти олам тақвияти амниятро тақозо менамоянд.
Вобаста ба ин мавзуъ ва қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот на танҳо дар Ватани азизамон – Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон мисоли равшани амалҳои воқеӣ ба шумор мераванд. Агар ба гузаштаи на чандон дури солҳои 90-уми асри гузашта бингарем, масъалаи сулҳу субот ва танзими қазияи Афғонистон аз ҷумлаи авлавиятҳое буд, ки дар стратегияи сиёсати хирадмандонаи хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва қарор дорад. Маҳз ҳамин масъала дар нахустин суханрониашон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 29-уми сентябри соли 1993 садо дода буд ва ин иқдомот то ба имрӯз идома дорад. Яъне, мавзуи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуи доимӣ ва ҳамешагии стратегияи сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад, ки бо ибтикороти созандааш тавонистааст таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намояд.
Бояд зикр кард, ки мубрамияти мавзуи сулҳ ва суботи сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯз аз ҷумлаи ниёзмандиҳое ба шумор меравад, ки он дар чаҳорчӯби худ, дар баробари тарғиби ғояҳои сулҳу ҳамзистии осоишта дар сатҳи байналмилалӣ, ҳамзамон, ба муколамаи тамаддунҳо ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ зарурат дорад. Дар ин росто, дар таҳкими он баробари мамлакатҳои олам бояд тамоми сокинони сайёра саҳмгузор бошанд ва ҳар иқдоме, ки дар ин маврид сурат мегирад, қобили қадрдонӣ ва дастгирӣ аст.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи сиёсати хориҷии муваффақи худ, аз ҷумлаи он мамлакатҳое ба шумор меравад, ки бо ҳамсоягонаш ҳеҷ гуна мушкилоти марзӣ ё масъалаҳои ҳалнашуда надорад. Мисоли барҷастаи ин мавзуъ, ҳаллу фасли масъалаи сарҳадии миёни ду кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва муайян гаштани хатти сарҳадӣ мебошад. Илова бар ин, имзои Эъломияи Хуҷанд аз ҷониби сарварони се давлат доир ба дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати пайвастшавии нуқтаи марзҳои муштараки онҳо заминаи ҳуқуқии боэътимодеро ба хотири ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар дурнамо бунёд гузошт.
Хулоса, пешниҳоди навбатии сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими сулҳу субот барои даҳ соли дарпешистода барои наслҳои оянда, аз пешбурд ва истифодаи механизмҳои наву гуногуни дипломатияи созанда пайғом медиҳад, то ки инсоният дигар ҳеҷ гоҳ ба фоҷиаи аз байн бурдани якдигар мувоҷеҳ нагардад.
Муҳаммадӣ САФОЛЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор