![]()
![]()
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, дар бахшҳои саноат, маориф, хидматрасонӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ даҳҳо иншооти нав бунёд мегарданд.
Махсусан, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам гардида, сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ вусъат гирифтааст. Аз ҷумла, аз тарафи ҶДММ «Адл» сохтмони коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар майдони се ҳазор метри мураббаъ идома дорад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ то 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегардад. Маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхона барои истеҳсоли бозичаҳои бачагона истифода мешавад. Дар деҳоти Зарҳалол бошад, коргоҳи коркард ва бастабандии мавиз бунёд мегардад.
Баробари рушди истеҳсолот, ба рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳунарҳои миллӣ эҳё гашта, барои соҳибкасб шудани ҷавонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё аст. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим ва истеҳсолот дар назди Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан устохона-озмоишгоҳи нав бо 26 ҳуҷраи корӣ сохта шуда истодааст.
– Ростӣ, чунин тасмиму ташаббусҳо хеле зиёданд, ки самараш кӯчаҳои ободу сарсабз, гулгаштҳои замонавӣ, манзилҳои таъмиршуда аст ва аз ин амалҳо танҳо ифтихор, шукри соҳибистиқлолӣ ва давлатдорӣ мекунед, – мегӯяд Андар Раҳмонӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд.
Номбурда илова кард, ки сокинони ҳимматбаланду ватандӯсти шаҳри Истаравшан мехоҳанд, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд. Бо ин мақсад, дар шаҳр 51 иншооти соҳаи маориф бунёд ва таъмиру навсозӣ мегардад. Фарзи мисол, соҳибкор Исфандиёр Ӯрунбоев дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Лакат 8 синфхонаи иловагӣ барои 240 хонанда дар як бастро пурра таъмир дорад. Инчунин, дар шаҳраки Истаравшан сохтмони бинои МТМУ №54 барои 760 хонанда, дар деҳаи Болғалӣ бинои МТМУ №52 барои 1440 хонанда ва кӯдакистон барои 120 кӯдак идома дорад. Иншооти ҷашнӣ, асосан, бо саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст эъмор гардида, барои беҳтар шудани шароити таҳсил ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия мусоидат менамояд. Корҳои сохтмонӣ то оғози соли нави таҳсил анҷом ёфта, муассисаҳо бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода супурда мешаванд.
Соҳибкорони маҳаллӣ, ҳамзамон биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо кӯдакистони хусусӣ, марказҳои ташхисию табобатӣ, савдо ва хидматрасонӣ, маҷмааи варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ бунёд доранд, ки садҳо ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.
Аз тарафи ҶДММ «Мабдаи нур» дар маркази шаҳр маҷмааи бисёрфунксионалии «Роҳи абрешим» бунёд мегардад. Бинои 18-ошёна мувофиқи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ қомат афрохта, дорои таваққуфгоҳ барои 100 нақлиёт, гипермаркет, марказҳои савдо ва хидматрасонӣ, варзишию солимгардонӣ, ҳаммомҳои замонавӣ, тарабхона ва 116 хонаи истиқоматӣ аст. Пас аз ба истифода супурдани маҷмаа то 250 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Соҳибкори дигар Усто Солеҳ устохонаи кандакорӣ ва меҳмонхонаи ҳафтошёна месозад. Ҷойгиршавии иншоот дар шафати роҳи байналмилалии Душанбе – Бӯстон – Чаноқ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”