Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ"


“ЗИҶИ СУЛТОНӢ”. ЧӢ ГУНА КИТОБИ НИЁГОНИ МО ДАР СИТОРАШИНОСИИ АВРУПО ИСТИҚБОЛ ЁФТ?
Чанде пеш дар бораи яке аз роҳҳои интиқоли донишҳои риёзиву астрономӣ аз Эрону Варорӯд (Осиёи Марказӣ) ба Аврупо навишта будем. Он ҷо сухан дар бораи Григорий Хиониад, донишманди румӣ мерафт, ки дар охири асри XIII ба Табрез рафта, аз донишманди тоҷик Шамсуддини Бухорӣ таълим гирифт ва баъдан бахше аз донишҳои риёзиву астрономии ҷаҳони исломро ба муҳити илмии Византия ва Аврупо расонд.


Ҳоло мехоҳам як роҳи дигари муҳими интиқоли дониш аз Варорӯд ба ҷаҳон, аз ҷумла ба Аврупоро муаррифӣ кунам. Ин бор сухан дар бораи китоби бузург ва таърихии «Зиҷи Султонӣ» ё «Зиҷи ҷадиди Курагонӣ» меравад, асаре, ки бо роҳбарии Мирзо Улуғбек ва бо саҳми донишмандони барҷастаи тоҷики мактаби Самарқанд, аз ҷумла Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алии Қӯшчӣ таҳия гардид.
Зиҷ дар фарҳангҳои мо ба маънии маҷмуае аз ҷадвалҳост, ки мақодири каммиятҳоро дар мавзеи сайёраҳо таъин мекарданд.
«Зиҷи Султонӣ» яке аз бузургтарин дастовардҳои астрономии асри XV ба шумор меравад. Он дар заминаи мушоҳидаҳои бисёрсолаи расадхонаи Самарқанд, тақрибан дар соли 1437, тартиб дода шуд. Дар ин асар ҷадвалҳои астрономӣ, ҳисобҳои тақвимӣ, маълумот дар бораи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва, муҳимтар аз ҳама, феҳристи мавқеи 1018 ситора оварда шудааст. Барои замони худ ин феҳрист аз дақиқтарин ва мукаммалтарин феҳристҳои ситоравии ҷаҳон буд.
Аҳамияти «Зиҷи Султонӣ» танҳо дар он нест, ки он натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқи астрономӣ буд, балки он рамзи як мактаби бузурги илмӣ аст, мактабе, ки дар Самарқанд забони порсӣ, тафаккури риёзӣ, мушоҳидаи осмонӣ ва анъанаи илмии Варорӯдро ба ҳам овард.
Пас аз қатли Улуғбек ва тадриҷан аз фаъолият боз мондани расадхонаи Самарқанд, чунин мероси бузурги илмӣ аз байн нарафт. Яке аз шахсиятҳое, ки дар интиқоли ин дониш нақши муҳим бозид, Алии Қӯшчӣ буд. Ӯ аз Самарқанд аввал ба Эрон ва сипас ба Туркияи усмонӣ рафт ва дар муҳити илмии Истанбул ба яке аз поягузорони анъанаи астрономӣ-риёзии усмонӣ табдил ёфт. Ҳамин тавр, донишҳои мактаби Самарқанд тавассути китобҳо, шогирдон, шарҳҳо ва нусхаҳои дастнавис ба марказҳои дигари илмӣ роҳ ёфтанд.
Қадимтарин нусхаи дастхати ба мо маълуми «Зиҷи Султонӣ» имрӯз дар Китобхонаи миллии Фаронса дар Париж, дар бахши дастхатҳо, таҳти рақами Persan 172 нигоҳ дошта мешавад. Ин нусха дар нимаи дуюми асри XV, тақрибан солҳои 1451 - 1500, дар ҳудуди имрӯзаи Эрон нусхабардорӣ шуд. Асар баъд аз таълифаш хеле зуд дар муҳити порсизабонон паҳн гардида, ба яке аз матнҳои асосии ситорашиносии давр табдил ёфт.
Таърихчаи роҳ ёфтани ин китоб ба Аврупо низ бисёр ҷолиб аст. Дар асри XVII олимони аврупоӣ ба дастхатҳои шарқӣ, аз ҷумла ба «Зиҷи Султонӣ», таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Бахшҳое аз феҳристи ситораҳои Улуғбек бори аввал дар Аврупо тавассути риёзидон ва ситорашиноси англис, профессори Донишгоҳи Оксфорд Ҷон Гривз дар соли 1648 муаррифӣ шуданд. Баъдан, соли 1655 бахшҳое аз «Зиҷи Султонӣ» дар тарҷумаи лотинӣ борҳо чоп шуд. Ниҳоят, соли 1665 шарқшинос ва китобдори Оксфорд Томас Ҳайд феҳристи ситораҳои Улуғбекро бо матни порсӣ ва тарҷумаи лотинӣ нашр кард. Ин нашр яке аз роҳҳои муҳимми ворид шудани мероси астрономии Самарқанд ба муҳити илмии Аврупо гардид. Дар Аврупо китоб бо номи «Зиҷи Улуғбек» бештар машҳур шуд.
Баъд аз ин, таваҷҷуҳи олимони аврупоӣ ба «Зиҷи Улуғбек» боз ҳам бештар гардид. Соли 1690 олими лаҳистонӣ Ян Гевелий (1611 - 1687) дар асари худ «Пешоҳанги астрономия» (Prodromus Astronomiae) координатаҳои ситораҳои дар «Зиҷи Улуғбек» овардашударо бо маълумоти Батламиюс (Птоломей) ва мушоҳидаҳои астрономони аврупоии асрҳои XVI - XVII – Тихо Браге, Ҷованни Баттиста Риччоли, Вилҳелми VI Гессени ва худи Гевелий муқоиса кард. Ин муқоиса нишон дод, ки маълумоти дар Расадхонаи Самарқанд бадастомада барои замони худ ниҳоят дақиқ буда, арзиши баланди илмӣ дорад.
Ба «Зиҷи Улуғбек» астрономони асри XVIII низ таваҷҷуҳ доштанд. Аз ҷумла, олими машҳури фаронсавӣ Жозеф Никола Делил (1688 - 1768), ки муддате дар Академияи илмҳои Петербург фаъолият мекард, барои омӯзиши ин асар шарқшинос Георг Якоб Кеҳрро ҷалб намуд. Георг ба тарҷумаи матни порсии «Зиҷ» ба забони лотинӣ оғоз кард, вале онро ба анҷом нарасонд. Делил ҳангоми бозгашт ба Париж маводро бо худ бурда, ба тарҷумаи фаронсавии асар машғул шуд, аммо ин кор низ нотамом монд. Ҳамзамон, дар Петербург тарҷумаи «Зиҷи Улуғбек» ба забони гурҷӣ низ анҷом ёфт, ки онро шоҳи гурҷии муқими Русия Вахтанги VI (1675 - 1737) ва писаронаш ба иҷро расонданд.
Дар асри XIX омӯзиши «Зиҷи Улуғбек» марҳалаи нави худро пайдо кард. Шарқшиносон ва таърихнигорони илми фаронсавӣ Ж. Ж. Э. Седийо ва писараш Л. А. Седийо дар таҳқиқи мероси риёзиву астрономии Шарқ, аз ҷумла мактаби Улуғбек, саҳми муҳим гузоштанд. Л. А. Седийо соли 1839 нашри бахше аз «Зиҷи Улуғбек»-ро омода кард, ки баъдан ба нодиртарин китобҳои библиографӣ табдил ёфт. Солҳои 1847 - 1850 ӯ матни порсии муқаддимаи асарро ҳамроҳ бо тарҷумаи фаронсавии он нашр намуд.
Соли 1843 дар Лондон нашри сеюми феҳристи ситораҳои собит аз «Зиҷи Улуғбек» ба табъ расид, ки онро президенти Ҷамъияти подшоҳии астрономии Британия Франсис Бейли (1774 - 1844) омода карда, матнро бо нусхаҳои дастхат муқоиса намуд. Баъдтар кори муфассали муқоисаи нусхаҳои гуногуни дастхат, ислоҳи хатоҳои нусхабардорӣ ва бартарафсозии ихтилофоти матнӣ аз ҷониби К. Петерс оғоз шуда, аз ҷониби Э. Б. Нобел ба анҷом расид. Натиҷаи ин кор соли 1917 дар шакли “Нашри интиқодии феҳристи ситораҳои Улуғбек” дар Вашингтон ба табъ расид.
Ба назари ман, вақти он расидааст, ки «Зиҷи Султонӣ» бо хатти имрӯзии мо низ нашр гардад. Нашри илмӣ ва оммафаҳми он ба забони тоҷикӣ метавонад барои насли нав нишон диҳад, ки гузаштагони мо на танҳо шоир, файласуф, ориф, сиёсатмадор ва лашкардор буданд, балки онҳо осмонро ҳам меомӯхтанд, мавқеи ситораҳоро чен мекарданд ва дар ташаккули илми ҷаҳонӣ саҳми воқеӣ мегузоштанд.


Ризои БАҲРОМЗОД,
номзади илмҳои физикаю математика