Баргашт Чоп кардан

САНГВОР. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ ФАРҲАНГ


Дар ноҳияи Сангвор соҳаи фарҳанг таҳти таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, ноҳия давоми солҳои 2021 – 2026 марҳалаи нави пешрафтро паси сар намуд. Кормандони бахши фарҳанги ноҳия таҳти роҳнамоиҳои Вазорати фарҳанг уҳдадориҳои худро дар самти татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ва рушди маънавии сокинон иҷро мекунад.
Тавре Абдураҳим Бафозода, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, барои таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа дар ноҳия тайи панҷ соли охир зиёда аз 4,6 миллион сомонӣ сарф шудааст, ки ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи вижаи давлат ба ин бахши муҳим гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба маблағи 1 миллиону 953 ҳазору 814 сомонӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 272 ҳазору 507 сомонӣ таъмиру тармими куллӣ гардиданд, ки ба симои маркази ноҳия шукӯҳу ҷалоли хосса бахшид. Инчунин, бинои Кохи фарҳанг ба маблағи 466 ҳазор сомонӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар майдони 3,45 гектар ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳунарии аҳли санъат, ба маблағи 179 ҳазору 281 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ ва ба маблағи 441 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ харид шуданд. Имрӯз дар назди кохи фарҳанг студияи сабти овоз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ фаъолият дорад, ки барои сабти сурудҳои ҳунармандони маҳаллӣ шароити беҳтарини касбиро фароҳам овардааст.
Айни замон таҳти роҳбарии бахш дар ноҳия 11 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 7 китобхона бо фонди 24 403 нусха китоб, 1 театри халқӣ, 2 клуб, 2 хонаи фарҳангӣ ва маҷлисгоҳи тобистона фаъолият доранд, ки дар онҳо 57 корманд ба сокинон хидмат мерасонад. Дар ҳудуди ноҳия 35 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз гузаштаи бойи ин гӯшаи диёри кӯҳистон гувоҳӣ медиҳад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия зиёда аз 42 чорабинии баландпояи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳунармандони Сангвор дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ, ба мисли «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Библиомарафония», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Андалеб» фаъолона ширкат меварзанд. Махсусан, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» имсол аз ноҳия 28 довталаб иштирок карда, 4 нафари онҳо (2 нафар дар бахши сарояндагӣ ва 2 нафар дар санъати тасвирӣ) ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт, ки ин нишони истеъдоди баланди ҷавонони ноҳия аст.
Дар баробари дастовардҳои беназир, мудири бахш ба мушкилоти ҷиддии инфрасохтории соҳа низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Аз 11 муассисаи мавҷуда танҳо сетои он бо бино таъмин буда, 1 китобхона дар хонаи шахсии шаҳрвандон ва 5 китобхона, 2 клуб ва 2 хонаи фарҳангӣ дар биноҳои муваққатӣ ҷойгиранд. Ин ҳолат дар фасли сармо барои фаъолияти мунтазам ва ҳифзи фонди китобҳо монеа эҷод мекунад. Мушкили дувум, ки дар тамоми муассисаҳои фарҳангии ноҳия эҳсос мешавад, норасоии кадрҳои ихтисосманди соҳавӣ мебошад.
Абдураҳим Бафозода дар охир афзуд, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро руҳбаланд месозад, ки баҳри рушди маънавии мардум бештар талош кунем. Ҳадафи асосии мо солҳои оянда на танҳо нигоҳ доштани дастовардҳо, балки бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла сохтмони биноҳои муосир барои муассисаҳои фарҳангии муваққатӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавону соҳибихтисос ба ноҳия мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо соҳаи фарҳанги Сангворро ба як намунаи олӣ табдил диҳем ва сокинонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.


Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»