Баргашт Чоп кардан

МУҲАММАД АЛ-ХОРАЗМӢ АСОСГУЗОРИ ТАМАДДУНИ РАҚАМӢ


Ҳар субҳ миллиардҳо одамон рӯзи худро тақрибан ба як тарз оғоз мекунанд: телефон моро дар вақти муайяншуда бедор мекунад, навигатор роҳро нишон медиҳад, барномаи бонкӣ дар чанд сония маблағро ба гӯшаи дигари ҷаҳон интиқол медиҳад. Шабакаҳои иҷтимоӣ худ интихоб мекунанд, ки кадом хабарро аввал ба мо пешниҳод созанд; ҳуши маснуӣ бошад, ба саволҳои мо чунон ҷавоб медиҳад, ки гӯё дар рӯбарӯямон ҳамсуҳбати зинда нишастааст. Мо ба ҳамаи ин чунон одат кардаем, ки қариб ҳеҷ гоҳ аз худ намепурсем, ки чӣ ҳамаи инро ба кор медарорад?
Ба назар чунин менамояд, ки имрӯзҳо ҷаҳонро компютерҳои фавқулқудрат ва барномаҳои ниҳоят мураккаб идора мекунанд. Аммо, агар қабат ба қабати ин технологияҳо назар афканем, дар асли тамоми тамаддуни рақамии имрӯза як андешаи бисёр сода нуҳуфтааст. Андешае, ки беш аз дувоздаҳ аср пеш ба вуҷуд омадааст. Муаллифи он шахсест, ки имрӯз миллиардҳо нафар ҳар рӯз номи ӯро ба забон меоранд.
Ин ном Ал-Хоразмӣ аст. Маҳз аз номи ӯ мафҳуми машҳури «алгоритм» пайдо шудааст.


Бағдод. Аввали асри IX.
Дар ҳоле ки Аврупо давраи пурошӯби оғози асрҳои миёнаро паси сар мекард, дар қалби хилофати Аббосиён ҷаҳони тамоман дигаре шакл мегирифт. Бағдод на танҳо пойтахти як империяи азим, балки бузургтарин маркази илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон гардида буд. Дар маркази шаҳр бинои бошукӯҳе қомат афрохта буд, ки онро Байтулҳикма – Хонаи ҳикмат меномиданд. Ин ҷо гӯё «Водии кремний»-и асри IX буд. Маконе, ки беҳтарин зеҳнҳои замонро аз сартосари ҷаҳон ба ҳам меовард. Аз Юнон, Ҳинд, Форс ва Миср дастнависҳои нодирро ба ин ҷо меоварданд. Бархе аз донишмандон онҳоро тарҷума мекарданд, бархе дигар дар бораи ҳаракати сайёраҳо баҳс менамуданд ва гурӯҳи сеюм мекӯшиданд, то асрори рақамҳоро ёбанд.
Дар толор овози ороми баҳсҳо танин меандохт. Аз гӯшае тарҷумон дастнависи юнониро баланд мехонд, дар гӯшаи дигар ситорашиносон ҳаракати Миррихро баҳс мекарданд. Котибон беист нусха мебардоштанд. Танҳо як мард, ки гӯё тамоми ин ғавғоро намешунид, сар ба коғаз хам карда, пайдарпай рақамҳо менавишт. Ҳар сатреро, ки менавишт, дубора месанҷид. Шояд худи ӯ ҳам намедонист, ки ҳамин сатрҳои ором баъд аз зиёда аз ҳазор сол забони компютерҳои ҷаҳон хоҳанд шуд.
Ин мард Муҳаммад ибни Мусо Ал-Хоразмӣ буд.


Таърих, баъзан, пур аз шигифтиҳост.
Асри XII дар Аврупо асари Ал-Хоразмӣ доир ба низоми ҳисоби ҳиндӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуд ва номи «Algoritmi de numero Indorum» («Ал-Хоразмӣ дар бораи ҳисоби ҳиндӣ»)-ро гирифт. Нусхабардорони аврупоӣ номи ӯро ба шакли Algoritmi навиштанд.
Бо гузашти вақт ин вожа аввал маънои усули дурусти ҳисобу китобро гирифт. Баъдан, маънои он васеътар шуда, ҳар гуна пайдарпайии амалҳоеро, ки ба натиҷаи муайян мерасонад, ифода мекард. Ва маҳз ҳамин пайдарпайии амалҳо имрӯз «алгоритм» ном дорад. Ҳамин тавр, насаби як донишманд, тадриҷан, ба яке аз муҳимтарин истилоҳҳои илми муосир табдил ёфт ва имрӯз дар меҳвари информатика, барномасозӣ ва тамоми технологияҳои рақамӣ қарор дорад.
Аз ҳама ҷолиб он аст, ки дар китобҳои Ал-Хоразмӣ на аломатҳои маъмули «+» ва «-» вуҷуд доштанд ва на рамзи «x», ки имрӯз барои ифодаи адади номаълум истифода мешавад. Ӯ риёзиётро бо рамзҳо не, балки бо калимаҳо ва ҷумлаҳои пурра баён мекард. Бо вуҷуди ин, мантиқи андешаҳои ӯ ончунон дақиқ ва мукаммал буд, ки беш аз ҳазор сол аз имтиҳони замон сарбаландона гузашт. Аммо саҳми Ал-Хоразмӣ танҳо бо офаридани алгоритм маҳдуд нашуд.
Дар он давра аврупоиён ҳангоми ҳисобу китоб аз рақамҳои румӣ истифода мебурданд. Акнун тасаввур кунед, ки бояд зуд XXIV х XVIII-ро зарб кунед. Ҳатто, шахсе, ки таҷрибаи хуби ҳисоб дорад, ба иштибоҳ роҳ медиҳад.
Ал-Хоразмӣ бартарии низоми ҳисоби даҳгонаи ҳиндиро дарк кард. Ҳамагӣ нуҳ рақам ва боз як рамзи дигар: сифр. Ӯ ин низомро ихтироъ накардааст, аммо маҳз ӯ тарзи дурусти истифодаи онро шарҳ дод ва онро ба забони ягонаи ҳисобукитоб табдил дод.
Бар хилофи бисёре аз донишмандони Юнони бостон, ки дар бораи табиати ададҳо бештар аз дидгоҳи назариявӣ меандешиданд, Ал-Хоразмӣ риёзиётро илме медонист, ки бояд ба зиндагии воқеии инсонҳо кумак кунад. Барои ӯ дониш на танҳо воситаи дарки ҷаҳон, балки роҳи ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи одамон буд.
Дар муқаддимаи китоби машҳури худ «Ал-ҷабр вал-муқобала» ӯ баён мекунад, ки ҳадафи ӯ танҳо таҳқиқи назариявии ададҳо нест, балки ёфтани роҳҳои ҳалли масъалаҳои воқеии зиндагӣ, аз ҷумла чӣ гуна меросро миёни ворисон бо адолат тақсим кардан, чӣ тавр масоҳати заминро ҳисоб намудан, муомилоти тиҷоратиро дуруст анҷом додан ва андозаи биноҳои ояндаро муайян кардан, мебошад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки китоби ӯ яке аз нахустин асарҳои машҳури ҷаҳон дар соҳаи риёзиёти амалӣ буд, ки на танҳо донишмандон, балки судяҳо, тоҷирон, муҳандисон ва заминсанҷҳо низ аз он васеъ истифода мебурданд.
Бо вуҷуди ин, доираи фаъолияти Ал-Хоразмӣ танҳо бо риёзиёт маҳдуд намешуд. Ӯ, ҳамзамон, ситорашиноси барҷаста, таърихнигор, ҷуғрофидон ва шахси мансабдори давлатӣ низ буд.
Ал-Хоразмӣ устурлоб (астролябия) – муҳимтарин асбоби роҳёбӣ ва ситорашиносии замони худро такмил дод. Ӯ, ҳамчунин, асбобҳои нави астрономиро сохт, ки ба воситаи онҳо метавон вақти шабонарӯз ва паҳнои ҷуғрофии маҳалро аз рӯи мавқеи Офтобу ситораҳо муайян кард. Ин кашфиёт барои баҳрнавардон, сайёҳон ва донишмандони он давра аҳамияти бузург дошт.
Ӯ, инчунин, асари таърихие бо номи «Китоб ат-таърих» навишт, ки, баъдтар, яке аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихнигорони машҳури араб, аз ҷумла Табарӣ, гардид.
Бо супориши халифа Ал-Восиқ Ал-Хоразмӣ чандин рисолати дипломатиро низ иҷро кардааст. Ӯ ба соҳилҳои дарёи Волга ва сарзамини Хоқонии Хазар сафар намуда, на танҳо сафири давлатӣ, балки сафири илму фарҳанги даврони худ низ буд.
Ал-Хоразмӣ дар ҷаҳони як илм маҳдуд нашуда буд. Барои ӯ рақамҳо, ситораҳо, таърих ва харитаҳо қисматҳои гуногуни як асрори бузург – фаҳмидани олам буданд. Дар ҳар маҷлисе, хоҳ миёни риёзидонон, хоҳ ситорашиносон, хоҳ таърихнигорон, ҷуғрофидонон ё арбобони давлатӣ, ки иштирок мекард, эҳтироми хос дошт. Ӯ олиме буд, ки бо фарохандешии худ сарҳадҳоро миёни илмҳо аз байн бурд.
Тақрибан, соли 850 милодӣ Муҳаммад ибни Мусо Ал-Хоразмӣ аз олам даргузашт.
Ӯ аз худ ягон тасвири воқеӣ ё худ ёддоштеро дар бораи зиндагии хеш боқӣ намондааст. Мо, ҳатто, намедонем чеҳраи марде, ки ҷараёни таърихи ҷаҳонро дигаргун сохт, чи гуна будааст. Гӯё ӯ дар бузургтарин кашфиёти худ ҷовидона зиндагӣ мекунад. Монанди сифр – рамзе, ки худ ба танҳоӣ арзише надорад, вале ба ҳар рақаме, ки дар паҳлуяш меояд, қудрати беандоза мебахшад.


Моҳира САНГМАМАДЗОДА, “Ҷумҳурият”