![]()
Дар қатори шоистатарин иқдом ва ташаббусҳои Тоҷикистон ва Пешвои миллати накуному соҳибэҳтироми мо боз саҳифаи наве аз иқдомҳои Сарвари кишварамон бо хатҳои заррину муҷалло навишта шуд.
Боз ҳам закои башардӯстонаи Пешвои миллати мо бо ташаббусе тақдирсоз барои сайёраи Замин ва инсоният дурахшид ва ин иқдоми навбатии Сарвари тоҷикон, бидуни шак, ҳалли яке аз ҷиддитарин ва ногузиртарин масъалаҳои сайёраро ҳадафи худ қарор додааст. Масъалае, ки аз ҳалли он тақдири башарият вобастагӣ дорад. Ҳанӯз ҳеҷ гаҳ инсоният дар чунин вартаи фалокатбор, қарор надошт, чуноне ки ҳоло дорад. Хусусан, дар ин замоне, ки ҷангҳои шадид инсониятро ҳарчи бештар ба вартаи фалокат наздик меоранд, то ҷое, ки хатари оғози ҷанги ядроӣ ба инсоният таҳдид мекунад.
Сулҳ, танҳо сулҳ ва муколамаву ҳамдигарфаҳмии инсонҳову кишварҳо роҳи ягонаи оқилонаи пешгирии хатарҳои маргзо ва фоҷиабор аст. Танҳо сулҳи пойдор метавонад сайёраро аз маҳвшавӣ ва инсониятро аз нестӣ наҷот бидиҳад.
Бубинед, Пешвои сулҳпарвари миллати мо сулҳро фарҳанги волои башарӣ медонад. Ӯ мегӯяд: “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст”.
Чи гуна дақиқ, маънидору олимонаву некбинона шарҳ ёфтааст дар забони Президенти мо вожаи “СУЛҲ” !
Аз ин лиҳоз, – идома медиҳанд Пешвои миллати мо, – сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад. Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.
Чунин некбинона аст шарҳи арзиши фалсафию иҷтимоии сулҳ дар тафсири Президенти муҳтарами мо!
Оё имрӯз дар рӯи Замин масъалае муҳимтару ҷиддитар аз таъмини сулҳ ва амният вуҷуд дорад?
Низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, фоҷиаҳои табиат вобаста ба дигаршавии иқлим ва ғайраву ғайраҳо ҳақиқате ҳастанд, ки наметавон онҳоро нодида гирифт. Яъне, ин ҷо масъалаҳо чунонанд, ки ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ, тани танҳо наметавонад бе ҳамдастӣ коре кунад, то пеши роҳи ин таҳдидҳои башарӣ гирифта шаванд. Танҳо дар масъулияти муштарак, ваҳдату ягонагии ҳама сокинони сайёра ниҳон аст пирӯзии одамизод.
Аввалан, қимати барномае, ки аз ҷониби Сарвари тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, пеш аз ҳама дар он аст, ки хеле бамаврид, саривақтӣ ва ногузир аст.
Баъдан, ин барнома аз ҷониби Сарваре пешниҳод гардид, ки тамоми даҳшату ваҳшонияти ҷанги таҳмилии бародаркушро дидаву аз сар гузарондааст. Сарваре, ки халқи худро аз ин даҳшати хонумонсӯз раҳо бахшид. Сарваре, ки сабақҳои ҷангро омӯхтааст. Тавонист на танҳо миллаташро аз коми оташи ҷанг раҳо бахшад, силоҳбадастонро ба ҳам орад, балки дар ин ҷода таҷрибае ба даст орад, ки чун мактаби сулҳ дарсу сабақҳои муфид ва ибратомӯз барои ҷаҳониён диҳад. Илова бар ин, ӯ халқи худро дар самти ваҳдати миллӣ ва эҳёи мамлакаташ раҳнамоӣ карда, дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои бузурги таърихӣ шарафёб шудааст. Ва ин ҳама заҳматҳову ташаббусҳои ҷавонмардона натиҷае додаанд, ки Созишномаи сулҳ имзо ва амалӣ гардад. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шавад. Оре, Пешвои миллати тоҷик ҳуқуқ ва мавқее дошт, ки асос медод ин пешниҳодро ба СММ кунад ва ин амал зебандаи ӯ буд.
Сулҳу ваҳдат аз рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ дар сиёсати давлатдории Тоҷикистон ҳамеша ҷойгоҳи меҳварӣ доштаасту дорад.
Ташаббуси Пешвои миллати мо чун ҳамеша танҳо бо қабулу истиқболи байналмилалӣ хотима намеёбад, чуноне ки солҳои пешин бо иқдомҳои муҳиму ҷиддии дигари байналмилалӣ нишон дода шуда буд. Бубинед, чун ҳамеша боз ҳам аввалин иқдомро дар роҳи амалӣ кардани ташаббусҳои Сарвари давлатамон кишвари мо мегузорад. Чунон ки соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба ифтихори оғози Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 дар назар дошта шудааст. Ин ташаббуси муҳим аз ҷониби Тоҷикистон барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарҳрезии нақшаҳо, ҳамоҳангсозии ҳадафҳои муштарак дар самти таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ имкониятҳое фароҳам меоварад, ки барои татбиқи ҳадафҳои Қатънома оғозу такон мебахшанд.
Таҷрибаҳои Тоҷикистон дар ҷодаҳои бадастоварӣ ва пойдории сулҳ замина ва мисолҳои зиёде дорад. Дурахшонтарини онҳо, чунон ки гуфтем, ноил шудан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ахиран, ташаббус ва таҷрибаи сулҳи байналмилалиро бори дигар мо дар қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ (31-уми марти соли 2025) шоҳид шудем. Ин Эъломия ҳамчун санади дурахшони таърихӣ эътироф шуда, ҳамчун дастоварди фарҳангию маънавӣ ва миллии кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар тасдиқ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки боз як пирӯзии сиёсати сулҳпарваронаи сарзаминҳои мост.
Ва ин суханони дурахшони Сарвари кишвари тамаддунпарвари тоҷикон дар перояи ифтихори таърихии миллати мо гуфта шудаанд;
"Мардуми тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз карданд ва гиромӣ доштаанд.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гарданд”.
Қатъномае, ки бо ташаббуси Сарвари кишвари мо дар СММ қабул гардидааст, вомедорад, ки ҳамаи давлатҳои аъзои СММ барои амалӣ шудани он фаъолона саҳм гузоранд.
Пешвои миллат дар шарҳи ин Қатънома худ хеле равшан ҳадафҳои онро изҳор доштаанд: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунад, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Метавон дар анҷом андешаҳои моро чунин хулоса кард: чун ҳамеша ташаббуси Пешвои миллатамон бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба яке аз мубрамтарин масъалаҳои замони муосир дар сайёра ҷалб намуда, нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидааст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ “Ховар”