Баргашт Чоп кардан

«ҲАФТКӮЛ – 2026». ПАЁМИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОН: ВАРЗИШ, ЭКОЛОГИЯ ВА САЙЁҲИИ УСТУВОР


Ҳафткӯл. Манзараҳои дилфиреби кӯҳҳои Фон, обҳои мусаффои ҳафт кӯли рангоранг ва ҳавои соф бори дигар дӯстдорони варзишу табиатро аз гӯшаву канори ҷаҳон ба ҳам овард. Аз 31-уми июл то 2-юми августи соли равон дар ин мавзеи афсонавии шаҳри Панҷакент 5-умин Экониммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл – 2026» баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 варзишгар аз 18 кишвари ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар дӯстдорони тарзи ҳаёти солим ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ассотсиатсияи дав ва марафони Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва муаррифии имкониятҳои нодири табиии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки имрӯз Экониммарафони «Ҳафткӯл» аз доираи як мусобиқаи варзишӣ берун рафта, ба рамзи ҳамгироии варзиш, саломатӣ ва масъулияти экологӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, саломатии инсон бевосита аз муҳити зисти солим вобаста буда, ҳар як қадаме, ки иштирокчиён дар ин масири кӯҳӣ мегузоранд, на танҳо ҳаракат ба сӯйи хатти марра, балки саҳмгузорӣ дар тарғиби фарҳанги эҳтиром ба табиат ва зиндагии солим мебошад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлимро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалии худ табдил додааст. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳо идомаи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соҳаи обу иқлим маҳсуб мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба муаррифии Панҷакент ҳамчун маркази таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ менамояд. Экониммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл – 2026» бори дигар нишон дод, ки варзиш метавонад воситаи муассири ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳии устувор ва таҳкими дӯстии байни халқҳо бошад.
Дар шароите, ки ҷаҳон бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва мушкилоти экологӣ рӯ ба рӯ аст, чунин ташаббусҳо аҳамияти бештар касб мекунанд. Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳо на танҳо имкониятҳои нодири табиӣ ва сайёҳии худро муаррифӣ мекунад, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба масъулияти муштарак дар ҳифзи табиат даъват менамояд.
Экониммарафони «Ҳафткӯл – 2026» исбот намуд, ки варзиш метавонад забони умумии сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ бошад ва, ҳамзамон мардумро ба ҳифзи муҳити зист, эҳтироми табиат ва зиндагии солим раҳнамун созад.
Дар доираи Экониммарафон рақобатҳои давидан ба масофаҳои 3, 10 ва 21 километр, инчунин пойгаи даставии экиден баргузор гардиданд. Дар мусобиқаи давидан ба масофаи 21 километр миёни занон варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арофатхон Имомалиева ва миёни мардон намояндаи Тоҷикистон Сиёвуш Баёнзода пирӯз шуданд. Ҳамчунин, дар масофаи 3 км Шамъигул Ҷумъазода (Тоҷикистон) ва масофаи 10 км Айним Орзгушева (Қирғизистон) соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Миёни мардон дар масофаи 3 км Насим Асомиддинов ва дар масофаи 10 км Рускелди Акиров аз Қирғизистон ғолиб омаданд. Ғолибону ҷоизадорон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»