Баргашт Чоп кардан

КОНИБОДОМ. СОЗАНДАГӢ БА ШИОРИ МАРДУМӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом сохтмони чанд корхонаи нави истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва асфалтпӯши роҳҳои маҳаллӣ идома дошта, бори аввал корхонаи истеҳсоли қанд таъсис меёбад.

Ҳоло дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Ниёзбеки деҳоти Куҳандиёр корҳои сохтмонӣ идома доранд. Муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эъмор гардида, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, кабинетҳои фаннӣ, дафтарҳои кории омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Инчунин, дар деҳа бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нисо Зокирова кӯдакистони замонавӣ қомат меафрозад. Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, имкони фарогирии 240 кӯдакро дорад.


Соҳибкори маҳаллӣ Кимиё Азизова тасмим гирифтааст, ки МТМУ №12-ро пурра таъмир намуда, 7 синфхонаи иловагӣ ва майдончаи варзишӣ бунёд созад. Муассиса бо мизу курсӣ ва аёнияти таълимӣ пурра таъмин мешавад. Дар рӯ ба рӯи Муассиса сокинон бо роҳи ҳашар кӯдакистон бунёд доранд, ки боз як намунаи саҳмгузории аҳолӣ дар корҳои созандагӣ мебошад.
Соҳибкор Самӣ Сулаймонов дар деҳаи Ғалчамулло барои 240 нафар кӯдакистони замонавӣ месозад. Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мегардад. Ҳамчунин, оилаи Бобоҷоновҳо дар шаҳр кӯдакистони ба номи Назир Бобоҷоновро бунёд менамоянд. Муассиса дорои ҳафт гурӯҳи синнусолӣ буда, барои қабули кӯдакони аз якунимсола то шашсола пешбинӣ шудааст.

Андар Раҳмонӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки саҳми соҳибкорон ва сокинони ватандӯсти шаҳри Конибодом дар рушди соҳаи маориф шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Илова бар ин, дар шаҳр як қатор корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигари саноатӣ бо суръат идома доранд. Фарзи мисол, аз тарафи ҶДММ «Самиев-5» ва бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли асфалт сохта шудааст, ки бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз аст.

Инчунин, сохтмони корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои металлургӣ, аз ҷумла ҷузъҳои оҳанӣ ва агрегатҳои обкашӣ аз тарафи ҶДММ «Бодом» идома дорад. Корхонаи саноатӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад. Корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, фаъолияти он дар се марҳала амалӣ мегардад. Ҳоло марҳалаи аввал оғоз шуда, истеҳсоли 30 номгӯйи маҳсулот амалӣ шудааст. Бо пурра ба фаъолият оғоз намудани корхона 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳад шуд. Роҳбарияти ҶДММ «Бодом» нақша доранд, ки ояндаи наздик дар шаҳри Конибодом корхонаи истеҳсоли қандро таъсис диҳанд. Чунин иқдом бори аввал амалӣ мегардад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»