Полша – чемпиони Лигаи миллатҳо
Лигаи миллатҳо оид ба волейбол миёни мардҳо дар Чин бо пирӯзии тими мунтахаби Полша ба анҷом расид.
Дастаи мунтахаби Полша дар финал мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, унвони чемпиониро ҳифз кард. Волейболбозони Полша дар ҷараёни бозӣ бо ҳисоби 1:2 аз рӯйи сетҳо қафо буданд, аммо тавонистанд вазъиятро ба нафъи худ тағйир дода, ғалаба ба даст оранд.
Ин сеюмин унвони чемпионии Полша дар таърихи Лигаи миллатҳо мебошад. Пеш аз ин онҳо солҳои 2023 ва 2025 низ ғолиби мусобиқа шуда буданд.
Лигаи миллатҳо оид ба волейбол аз соли 2018 баргузор шуда, ҷойгузини Лигаи ҷаҳонии мардон гардид. Дар финали соли гузашта Полша Италияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда буд.
35 ҚУЛЛАИ ВАРЗИШ
Мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук, шиноварӣ ва вазнбардорӣ доир шуданд
Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд таҳти унвони “35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзиш” оғоз гардиданд.
1-2-юми август дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаҳои кушод оид ба варзиши сабук ва вазнбардорӣ ва 2-3-юми август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шиноварӣ баргузор шуданд.
Дар мусобиқа варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, миёни ҳам рақобат карданд.
Мусобиқаи варзиши сабук байни духтарону писарон аз рӯйи 10 сабқат, аз ҷумла давидан ба масофаҳои гуногун, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаводиҳии гурз, ҳаводиҳии найза, давидан бо монеаҳо ва эстафета сурат гирифт. Варзишгарони ноҳияи Мастчоҳ бо нишон додани маҳорати баланд ва натиҷаҳои назаррас дар ҳисоби даставӣ бо ба даст овардани 6 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Ҷойи дуюм бо 5 медали тилло ва 2 нуқра насиби дастаи шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюм бо 2 медали тилло ва 1 нуқра насиби варзишгарони ноҳияи Шаҳристон гашт.
Тавре раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар дод, ҳадафи асосии мусобиқот оммавияти варзиш, ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни варзишгарон, дарёфти чеҳраҳои нави варзиш ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.
Ғолибону ҷоизадорон аз рӯйи ҳамаи мусобиқаҳо муайян гардида, бо ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
ФУТЗАЛ
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Бонки миллӣ доир мегардад
Дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръапартоии Ҷоми Бонки миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳайати гурӯҳҳо ва тақвими бозиҳои марҳалаи гурӯҳии мусобиқа муайян карда шуданд. Дар маросим намояндагони дастаҳо, роҳбарияти Федератсияи футбол, Лигаи футзал ва шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Тибқи натиҷаи қуръапартоӣ, иштирокчиён рақибони худро дар марҳалаи гурӯҳӣ, инчунин, ҷадвали бозиҳои даври аввалро муайян карданд. Ҳамин тариқ, футболбозони “Актив Бонк”, “Душанбе Сити Бонк”, Бонки миллии Тоҷикистон, “Спитаменбонк”, “Алиф бонк”, “Ориёнбонк”, ССБ, IBT, Бонки рушди Тоҷикистон, “Ҳумо”, “Васл”, “Эсхата”, ФИНКА, ICB ва “Амонатбонк” барои ба даст овардани Ҷоми Бонки миллӣ талош мекунанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”