
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ТО ТАҲКИМИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ
Тамаддуни ориёӣ асоси таърих ва фарҳанги тоҷикон аст ва мо бояд онро омӯзем, ҳифз кунем ва ба наслҳои оянда расонем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, Пешвои муаззами миллат, ки бо исботи таърихи давлатдории миллии тоҷикон марди қавлу амаланд, аз оғози масъулияти сарвариро бар дӯш гирифтанашон, дар шумори масоили умдатан муҳим таърихи халқи худро дар меҳвари таҳқиқу омӯзиш ва бозтоби амиқ қарор додаву дар роҳи муаррифии шоистаи он гомҳои устуворе мегузоранд. Таълифи асарҳои мондагоре чун «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Аз Ориён то Сомониён» далели рӯшани ҳамин гуфтаҳоянд.
Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, роҳандозии Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, бузургдошти 1310-умин солгарди мавлуди поягузори мазҳаби ҳанафӣ – Нуъмон ибни Собит Имоми Аъзам, эъломи Рӯзи Рӯдакӣ, ҷашнвораҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз шумори тадбирҳои дигари муҳими муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори фарзандони фарзонаи миллат ва бо ин роҳ муаррифии шоистаи онҳо ҳамчун намояндагони миллати тамаддунофари тоҷик маҳсуб меёбанд.
Дар зимн, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат як силсила ёдгориҳои таърихиву мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ба вижа шаҳри Саразми бостон (2010), Боғи миллии Тоҷикистон (2013), ёдгориҳои Роҳи Абрешим дар Зарафшон – Қароқурум (2023), Хутали Қадим (2025), ҳамчунин ҷашнҳои Наврӯз, Шашмақом ва монанди инҳо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Ин ҳама дар садади қарнҳо аз соҳибтамаддунӣ ва бофарҳангии миллати тоҷвар башорат медиҳанд.
Дар ин миён, эҳёи Наврӯзи оламафрӯз таъкиди махсус мехоҳад. Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сарварони мамолики ҳавзаи Наврӯз дар ақсои олам ҳамовозӣ ба амал овард ва ин иди ориётаборон ба Ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16-уми декабри соли 2025 ба авроқи рангини тамаддуни ориёиҳо таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Раҳбари хирадойин ва адлгустар бо арҷгузорӣ ба пешиниён, мехоҳанд, ки асли моро ба мо бозгардонанд. Бар ин мабно изҳор доштаанд: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”. Албатта, аз ин зовия ҳамватанон ҳам нашояд, ки рӯйи масъалаи ин ҷиддӣ бетарафӣ ихтиёр намоянд, балки ҳар зарра хоку ҳар қатра оби диёри нозанини хешро чун гавҳараки чашм ҳифозатгар бошанд.
Аҳди Сомониёнро тули 100 соли давлатдорӣ дар густариши равобити илму фарҳанг, таҳкими амну суботи ҷомеа, равнақи арзишҳои миллӣ, осори мондагор ва рушди ҳунармандӣ аҳли фазлу сухан олишон сутудаанд. Камина меафзоям, ки он шукӯҳу нусрату ҷалоли хонадони Сомонхудот ва ба тахт нишастани шоҳ Исмоили Сомонӣ дар даврони пурошӯби сиёсӣ, бо зарфиятҳои хос аз истеҳкому низоми давлатдорӣ, қиёсан бо Ҳукумати Тоҷикистон дар замони пуртаҳаввули ҷаҳони муосир, ҳеҷ яке ба осонӣ ба даст наомадааст.
Фаротар аз ин, модули сулҳофарии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар кӯтоҳтарин фурсат оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш гардонда, аз ҷониби сарварони давлатҳои ҷаҳон эътироф шуда, иддае аз мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон меомӯзанд.
Пӯшида нест, ки имрӯз соҳибдавлатҳои сармоядор бо ҷони одамон бозӣ доранд ва дар бисёре аз нуқоти олам даргириҳо дар авҷанд. Дар чунин вазъи асафбори ҷаҳони муосир сиёсатмадори тавонманди сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз фоҷиаҳои инсонӣ ташаббуси нав – Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 нишон доданд, ки бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди башардӯстона қабул гардида, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон истиқболи гарм пайдо намуд.
Давлатдорӣ магар осон аст? Чӣ, ҷон барои Президент ширин нест? Аммо ӯро ҳаёту мамоти мардум ором намегузорад. Ба нишони эътимод ва садоқат даст болои Конститутсия ниҳода, бо шири поки Модари бузургворашон савганд ёд кардаанд. Пиру барно, то тифлакони гаҳвора барояш азизу маҳбубанд. На, хоби Президент, аслан бедорист.
Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз худу аз ҷони ҷавони худ гузашта, миллатро аз нобудӣ эмин доштанд ва забону фарҳангу дигар арзишҳои муқаддаси ниёконро соҳибӣ ва тамаддуни ориёиро аз нав эҳё карданд ва Офтобе ба роҳи Ману Мо шуданд.
Фидокориҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон ба симати ташаббускори муҳими ҳалли масоили глобалии экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ шоиста ном баровардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нубуғи соҳибфурӯғӣ ва дурахши сиёсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо дар шумули сарварони мамолики қудратманду таърихсоз авлавият касб кардаанд. Иқдомоти Пешвои миллат, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва ғайра аз ҷониби коршиносон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфтаанд. Тафсири пурмуҳтавояшон дар Форуми ҷаҳонии об (шаҳри Тегу, Корея, 12.04.2015) ба таҳлилгарону пажӯҳандагони масоили об писанд афтода буд. Вобаста ба ин, соли 2028 Симпозиуми байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ва маросими супурдани Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар маҷмуъ, амалҳои савоберо, ки Президенти маҳбубамон дар бадали се даҳсола анҷом додаанд, ба 100 сол баробар меояд. Аз ин беш чӣ гӯям, ки шоир гуфта:
Китоби фазли туро оби баҳр кофӣ нест,
Ки тар кунам сарангушту сафҳа бишморам.
Шарофату шафоати ин абармарди таърихсоз буд, ки мо – тоҷиконро, бахту саодат ёр шуд. Яздони пок бароямон Пешвои ориётабору поксириште ато фармудааст. Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва башарият ҳадяи Парвардигор аст! Ба шарофати ин сиёсатмадори беназиру фарзона дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил – Ҷумҳурии Тоҷикистон падидор шудем.
Эҳёи дубораи давлати тоҷикон ва тамаддуни ориёӣ босуботу пойдор мемонад. Ҳеҷ неруе наметавонад салтанати муқтадиру тамаддунсозро ба вартаи номуродӣ рӯ ба рӯ созад, зеро устураҳои ин давлат бар мабнои фазлу ҳикмат, иттиҳоду ваҳдат ва тамаддуни безавол бунёд ёфтааст.
Дурнамои сулҳҷӯёнаву ваҳдатовар ва тамаддунсози Пешво ояндаи мардумро чун чароғони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дурахшон гардондааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тимсоли сарнишини киштӣ халқи тоҷикро аз фағонаи дуду оташи таърих беосеб гузаронда, ба кӯйи мурод расонданд.
Худо ёру мададгорашон бод!
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, Корманди шоистаи Тоҷикистон