![]()
Дар миёни сиёсатмадорони имрӯз касеро наметавон пайдо кард, ки монанди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин қадр зиёд ба таърихи гузаштаи кишвар ва миллати худ дилбастагӣ дошта бошад. Таърих дарсҳои бисёре барои омӯхтан дорад. Аз ин рӯ, руҷуи Президенти кишвар ба таърих стратегияи миллиест, ки ҳадафи он тақвияти пояҳои истиқлоли давлат, ташаккули ҳувияти миллию фарҳангӣ ва эҷоди ваҳдати комил дар ҷомеа мебошад. Рӯй овардан ба омӯзиш ва таҳқиқи таърих ба бахши муҳим аз сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст, ки барои эҳёи суннату анъанаҳои миллӣ ва тақвияти ҳисси меҳанпарастӣ заминаҳо фароҳам меоварад.
Пешвои миллат дар «Муқаддима»-и китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» аз ҳадафи хеш дар пажӯҳиши таърихи ниёкон ошкоро ибрози андеша карда, аз ҷумла менависанд: «Ман ин асарро ба хотири аз гузаштаи пурифтихор ва маданияти гаронбаҳои ниёгонамон ҷудо нашудани насли оянда иншо кардам. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна кӯшиши ба муқобили халқҳои дигар қарор додани миллати ман нест, мояи ғурур ҳам нест, балки ифтихор аст. Ифтихор аз созандагӣ, аз истиқлол. Ин фарзест барои наслҳои оянда ва ҷавонони имрӯзи мо» (Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Лондон, 2019. С.12.).
Дар ин суханҳо ғояи калидиест, ки метавон онро ба шарҳи зер тафсир кард: а) пайванд бо гузашта: Пешвои миллат бар аҳамияти ҳофизаи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ дар ташаккули ҳувияти насли ҷавон таъкид мекунанд. Президент ба ин нукта бовар доранд, ки шинохти гузаштаи пурифтихор ва арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёгон ба ҷавонон ёрӣ мекунад, то дар дунёи имрӯз роҳи созандаи худро биёбанд ва анъанаҳои фарҳангиро ҳифз кунанд; б) набудани рақобат: Президент таъкид мекунанд, ки нияти муқоисаи миллати худ бо дигаронро надоранд. Ин нишондиҳандаи тамоюл ба эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо, инчунин ба иродаи пешгирӣ аз эҳсосоти миллатгароёна аст, ки метавонанд ба низоъҳо оварда расонанд; в) ифтихор ва созандагӣ: Пешвои миллат ифтихорро на ба унвони такаббур, балки ба ҳайси як арзиши мусбати иртиботдошта бо созандагӣ ва истиқлол зикр мекунанд. Ин ба аҳамияти ширкати фаъол дар рушду нумуи ҷомеа ва талош барои пешрафте, ки бар асоси мероси таърихӣ бино шудааст, ишора мекунад.
Дар шароити вазъи буғранҷи иқтисодӣ ва иҷтимоии кунунии ҷаҳон руҷуъ ба таърих метавонад роҳе барои ҳамбастагии мардум пиромуни ғояҳои субот, арзишҳои воло, ҳадафҳои умумӣ ва идомаи роҳи мусолиматомези рушди ҷомеа бошад ва қиёсҳои таърихӣ дар дарки мушкилоти имрӯз ва ёфтани роҳи ҳалли имконпазири онҳо ёрмандӣ кунанд.
Пешвои миллат ба саволҳои «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд?», ки дар пешгуфтори китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ( Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. London & Flint River ed., 2000. С.3.) матраҳ кардаанд, дар китобҳо, зимни вохӯриҳо бо зиёиён ва суханрониҳо дар маҷлисҳои бошукӯҳ ба иртиботи ин ва ё он санаи муҳими таърихӣ посух гуфта, аз истилоҳи таърихии ҷуғрофиёии «Хуросон», «Хуросонзамин», «Хуросони Бузург», «Мовароуннаҳру Хуросон» ва «Варорӯду Хуросон» ба маънии сарзамини азалии аҷдоди тоҷикон ёд карда, таъкид ба решаҳо ва пайванди таърихии тоҷикон бо ин сарзамин мекунанд. Ин мафҳумҳои ҷуғрофиёӣ на танҳо гузаштаи таърихии ниёкони тоҷиконро бозтоб медиҳанд, балки намоди ғурур, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ низ маҳсуб мешаванд, ки Президенти кишвар гоҳе мустақим ва гоҳе ғайримустақим ба он ишора мекунанд.
Истилоҳи «Хуросон» аз тариқи вожаи тоҷикӣ-форсии «xurāsān» ( ) ба вожаи паҳлавии «xvarāsān» ва тавассути он ба вожаи қадимии забонҳои эронии «xvar-āsāna» мепайвандад, ки аз ду таркиб: «xvar» - хуршед, «āsāna» – «бармадгоҳ», «хостгоҳ», «тулуъ» иборат аст ва онро сарзамини тулуи Хуршед ё самтҷое, ки Хуршед боло меравад, метавон таъбир кард. Вожаи тоҷикӣ-порсии «Ховарзамин», ки ба маънии «сарзамини шарқӣ» маънидод шудааст, низ муодили ин истилоҳ аст. Фахриддини Гургонӣ дар достони «Вис ва Ромин» истилоҳи «Хуросон»-ро чунин маънидод мекунад:
Хушо ҷоё бару буми Хуросон,
Дар ӯ бошу ҷаҳонро май хур осон.
Забони паҳлавӣ ҳар к-ӯ шиносад,
Хуросон он бувад, к-аз вай хур осад
«Хур осад» паҳлавӣ бошад, «хур ояд»,
Ироқу Порсро хур з-ӯ барояд.
Хуросонро бувад маънӣ «хур оён»
Куҷо аз вай хур ояд сӯи Эрон.
Пешвои миллат дар зерфасли «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ»-и китоби «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» (Душанбе: Шарқи Озод, 2009. С.55) таъбири «сарзамини хуршедии Хуросон»-ро истифода кардаанд, ки хонандаи ҳушманд дармеёбад, ки ҳадафи нигоранда ишора ба мафҳуми решаи вожаи «Хуросон» аст.
Бори нахуст истилоҳи таърихии «Хуросонзамин» аз ҷониби Пешвои миллат дар суханрониашон ба ифтихори 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (сентябри 1996) ироа гардид, ки ба якпорчагии қаламрави Ориёно, ки Хуросонзамин бахши шарқии он аст, ишора мешавад: «Дар замони Дориюши Бузург вақти содир шудани фармон барои бунёди бинои Шуш тиллоро аз Зарафшон, лоҷувардро аз Бадахшон, ақиқро аз Суғд ва фирӯзаро аз нукоти дигари Хуросонзамини мо, ки дар истеҳсоли онҳо мардуми таҳҷоӣ таҷрибаи бебаҳо доштанд, интиқол медоданд» (Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлол, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Ҷ.2. Душанбе: Ирфон, 2001. С.46.).
Истифода аз истилоҳи «Хуросонзамин» дар ин суханронӣ гузаштаи таърихии миллати тоҷикро, ки дар ин қаламрав ташаккул ёфтааст, пеши назар барҷаста мекунад, зеро аз оғози офариниш сарзамини аҳуроии Хуросонзамин ё Хуросони Бузург маҳали сукунати аҷдоди тоҷикон, марокизи фарҳангу тамаддуни бостонии ин миллат будааст. Ташаккули халқи тоҷик равандҳои тулонии этногенетикиро дар қаламрави Хуросони Бузург паймудааст, ки он шомили сарзаминҳои Суғд (ҳавзаи Зарафшон ва Қашқадарё), Бохтар (ҳавзаи Амударё), Хоразм, водии Фарғона, Чоч бо Илок (ҳавзаи Чирчиқ ва Оҳангарон), вилоёте дар ҷануби Осиёи Миёнаи кунунӣ: ҳавзаи Ҳилманд, Ҳарирӯд, Аргандобу Хомун буд. Ин сарзамини паҳновар дар домони пурмеҳри худ шаҳрҳоеро мисли Самарқанду Бухоро, Урганҷ, Чочу Банокат, Истаравшан, Хуҷанду Кӯлоб, Кешу Балх, Зобулу Кобул, Ҳироту Ғазнӣ, Нишопуру Тӯсу Марвро парварид, ки ҳар яке ҷойгоҳи вижаеро дар тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.
Пешвои миллат дар суханронии хеш зимни мулоқот бо зиёиён (19-уми марти соли 1997) ёдрас мекунанд, ки бидуни такя ба гузашта дастёбӣ ба пешрафт ғайриимкон аст ва дар зимн аҳамияти ҳувияти таърихию фарҳангиро барои ташаккули худогоҳии миллӣ таъкид карда, ба вожаи "Хуросон" иртибот доштани гузаштаи пурифтихор ва ғаноманди кишварро расман зикр мекунанд, ки ин амалро ба унвони талоше барои тақвияти ҳувияти миллӣ ва инсиҷоми ҷомеа метавон дар назар гирифт: «Бе такя ба ин гузаштаи пуразамат мо дар ҳеҷ coҳae ба пешравӣ ноил гардида наметавонем. Масалан, оё метавон аз мероси пурғановати таърихию фарҳангие, ки танҳо бо номи Хуросон вобастагӣ дорад, сарфи назар кард?» (Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе: Ирфон, 1997. С.60-61). Дар ин нигоштаи Президенти кишвар зикри Хуросон ва аҳамияти он дар фарҳангу таърихи тоҷикон ба намоён сохтани ягонагӣ ва дороии мероси фарҳанги моддӣ ва маънавии тоҷикон ёрмандии шоистае мекунад. Ин метавонад асосе барои эҳёи фарҳанг ва ҷалби таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳо ва дастовардҳои муҳими таърихӣ бошад. Дар ин нуктаҳо, инчунин, андешае таровиш меёбад, ки суннату анъанаҳо ва таърих метавонанд ба унвони пояе барои навоварӣ ва рушд амал кунанд.
Дар аксари манобеи таърихии садаҳои миёна ҷуғрофиёи сарзаминҳои ду ҷониби Амударё бо номи Хуросон ёд шудаанд. Қофиласолори шеъри тоҷикии порсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ борҳо мафҳуми ҷуғрофиёии Хуросонро ба маънии густурдаи он, яъне Хуросони Бузург истифода кардааст. Аз ҷумла, амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмадро (914 - 943), ки замони ҳукуматаш дурахшонтарин даврони давлатдории Оли Сомон буд ва ҳудуди сӣ сол бо пойтахтии Бухоро фармонравоӣ кардааст, борҳо дар ашъораш амири Хуросон ном бурда:
Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост
* * *
Хусрав бар тахти пешгоҳ нишаста,
Шоҳи мулуки ҷаҳон – амири Хуросон.
Муқаддасӣ, муаррих ва ҷуғрофиёдони араб, ки қаламрави Сомониёнро паймудааст, дар рисолаи хеш «Аҳсану-т-тақосим» ба ҳангоми баёни масоили ҷуғрофиёии ин сарзамин аз истифодаи истилоҳи арабии «Мовароуннаҳр» худдорӣ намуда, онро «Хуросон» ва «Ховарон» зикр намуда, амирони Сомониро «подшоҳони Хуросон» гуфтааст.
Нақши Пешвои миллат дар тарвиҷи таърихи давлати Сомониён аҳамияти қобили таваҷҷуҳе дар худогоҳии таърихии мардуми тоҷик дорад. Бо дарки масъулият дар баробари таърихи ниёкон бо ибтикори Пешвои миллат соли 1999 дар кишвар 1100-солагии давлати Сомониён таҷлил гардида, муҷассамаи поягузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ ба майдонҳои марказии пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар чун намоди Истиқлоли Тоҷикистон, ёдовари шукӯҳи давлати тоҷикон дар гузашта ва ангезабахши насли ҷавон барои шинохти таърихи миллати худ, ҳусни тоза бахшид. Ин маросим на танҳо ҷашн, инчунин, фурсате буд барои мардум, то ҳувияти таърихӣ ва решаҳои фарҳангии худро шоистатар шиносанд.
Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳеҷ кас мисли Президенти муҳтарами кишвар дар барҷастасозии ин давраи тиллоии таърихи тоҷикон талош накарда ва аз рисолати таърихии онҳо дар пояи мадорики боэътимоди таърихӣ ин қадр боэътимод сухан нагуфтааст. Бидуни шакку тардид Президенти муҳтарамро яке аз мубаллиғони муваффақи таърихи давлати Сомониён бояд донист.
Чуноне ки мулоҳиза мешавад, Президенти кишвар на танҳо дар бораи таърихи Сомониён сухан мегӯянд, балки онро бо Тоҷикистони муосир пайванд дода, таъкид менамоянд, ки руҷуъ ба таърих талоше барои бозгардондани марзҳои ҷуғрофиёӣ ва сиёсӣ нест, нишондиҳандаи тамоюл ба рӯйкарди созанда дар дарки мероси таърихӣ ва ҳувияти фарҳангии тоҷикон аст. Ин амр аз бурузи даргириҳо ва суитафоҳумҳои марбут ба бардоштҳои барғалати таърихӣ ҷилавгирӣ карда, имкони тамаркуз ба ҳамбастагии фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро фароҳам меоварад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат бо истифодаи истилоҳи ҷуғрофиёии «Хуросон», «Хуросонзамин» ва «Хуросони Бузург» дар осори хеш ба ин нукта таъкид мекунанд, ки ин истилоҳ на танҳо барои таърихи тамаддун ва фарҳанги мо бегона нест, балки баёнгари он аст, ки ин кишвари аҳуроӣ ва сарзамини тулуи Хуршед хостгоҳи ниёгони тоҷикон аст. Ба шаҳодати таърих тоҷикон аз аҳди бостон дар сарзамини Хуросони Бузург сукунат ихтиёр кардаанд. Аз ин рӯ, Хуросони Бузург на танҳо як мафҳуми ҷуғрофиёист, балки намоде аз ҳамбастагии фарҳангӣ, мероси фикрӣ, ҳофизаи таърихии тоҷикон ба шумор меравад ва Тоҷикистони азизи мо чун як бахши кӯҳистонии Хуросони Бузург дар масири таърих бо ҳазорон восита бо ин сарзамин решапайвандӣ дорад.
Ҳамза КАМОЛ, доктори илмҳои таърих, профессор