Чин ҷонибдори музокироти Россия ва Украина мебошад
Газета.ру. Гэн Шуан, муовини намояндаи доимии Чин дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Чин ҷонибдори барқарорсозии музокироти сулҳ миёни Федератсияи Россия ва Украина аст.
«Мо бесаброна интизори музокироти сулҳ миёни Россия ва Украина ҳастем. Барои ин талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фароҳам овардани шароит аз ҷониби тарафҳо барои барқарор кардани музокирот лозим аст», – гуфт Гэн Шуан.
Қаблан муовини намояндаи доимии Чин дар Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки роҳи ҳалли низомӣ барои буҳрони Украина вуҷуд надорад, ҳама ҷонибҳо бояд ба ҳалли сиёсӣ мусоидат кунанд ва барои музокирот шароит фароҳам оваранд.
31 май – Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку
АМИТ «Ховар». Иқдоми мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои Созмон ҳамарӯза 15 миллиард сигор фурӯхта мешавад.
Тибқи иттилои СҶТ, ҳар сол ҳашт миллион одам, бинобар сабабҳои марбут ба тамоку, мемирад.
Коршиносони СҶТ ишора менамоянд, ки тамоку на танҳо ба истеъмолкунандагон зарар мерасонад, балки равандҳои марбут ба истеҳсоли он боиси пайдоиши бемориҳо дар бадани худи деҳқонон, аз ҷумла бемории музмини шуш ва заҳролудшавӣ аз никотин (бо номи «бемории тамокуи сабз» низ, маълум аст), мегардад. Дар айни замон, дар истеҳсолоти тамоку дар саросари ҷаҳон зиёда аз як миллион кӯдак кор мекунад.
Номзадии Мирзиёев дар интихоботи Президенти Ӯзбекистон тасдиқ шуд
Мир24. Анҷумани Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, ки 30 майи соли равон баргузор шуд, номзадии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёевро барои ширкат дар интихоботи президентӣ тасдиқ кард.
«Пешбарии Шавкат Миромонович Мирзиёев ба интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ аз ҳизби мо якдилона тасдиқ шуд», – гуфт намояндаи ташкилоти сиёсӣ. Интихоботи пеш аз муҳлат барои президентӣ 9 июл баргузор мешавад. Маъракаи интихоботӣ 10 май оғоз ёфт. Ин аввалин интихоботи президентӣ пас аз ворид шудани тағйирот ба Конститутсия барои тамдиди муҳлати Роҳбари ҷумҳурӣ аз 5 ба 7 сол хоҳад буд.
Мулоқоти президентҳои Озарбойҷон ва Исроил
Мир24. Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерсог бо сафари расмӣ ба Боку омад. Ӯро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев қабул кард. Аввал онҳо дар танҳоӣ ва баъд дар ҳузури намояндагони ҳайатҳои ҳар ду мамлакат суҳбат намуданд.
Алиев равобити миёни Исроил ва Озарбойҷонро дар бахшҳои тиҷорат, энергетика ва амният таъкид кард. Ӯ ёдовар шуд, ки гардиши мол байни кишварҳо беш аз яку ним миллиард долларро ташкил медиҳад.
Илҳом Алиев афзуд, ки Озарбойҷон ба таҷрибаи Исроил дар соҳаи ирригатсия таваҷҷуҳ дорад ва ҷумҳурӣ мехоҳад онро барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ истифода барад.
Пас аз ин музокирот, вазирони тандурустии Озарбойҷон ва Исроил дар ҳузури роҳбарони ду кишвар тарҳи ҳамкорӣ дар заминаи беҳдошт ва илмҳои тиббиро имзо карданд.