Баргашт Чоп кардан

АЙНӢ. БА ДЕҲАИ ВАШАН ОБ ОМАД


Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамеша баракату руҳбаландӣ меоранд, зеро аз ин сафарҳо равзанаи нав боз шуда, ҷомеаро ба корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамун менамояд ва дар ҳаёти мардум рӯшноӣ мебахшад. Ҳамзамон, роҳи созандагиву бунёдкориро тақвият бахшида, мароми сокинонро мустаҳкам месозад.
Дар ин росто, дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар деҳаи Вашан маросими ба истифода додани шабакаи нави оби ошомиданӣ баргузор гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бунёд гардида, яке аз лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳа ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки об аз чашмаи Сойи Вашан тавассути лӯлаҳои қутрашон 75 миллиметр дар масофаи 4200 метр ба ҳавзи захиравии дорои ғунҷоиши 30 тонна интиқол дода шуда, аз он ҷо об тавассути лӯлаҳои қутрашон 40 миллиметр дар масофаи 2400 метр ба шабакаи дохилии деҳа ворид гардида, сипас, бо лӯлаҳои қутрашон 20 миллиметр байни истифодабарандагон тақсим карда мешавад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ 150 хоҷагӣ, ки зиёда аз 800 нафар аҳолиро дар бар мегирад, бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Ҳамзамон, дар ҳудуди деҳа 50 нуқтаи обтаъминкунӣ насб шудааст, ки дастрасии сокинонро ба оби босифат боз ҳам осонтар мегардонад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ, зимни маросими ифтитоҳ раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз саҳми арзишманди Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» дар амалисозии ин ташаббуси муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият ва намояндагони Ташкилот барои ҳамкории судманд ва дастгирии рушди иҷтимоии ноҳия арзи сипосу миннатдорӣ баён кард.
Таъкид гардид, ки таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологии деҳот аҳамияти бузург доранд.
Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, ҳар як маҳалла ва ҳар як деҳа оғоз меёбад.
Бо дарки ин гуфтаҳо, сокинони деҳаи Вашан бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби ошомиданӣ бо неъмати табиӣ таъмин шуда, барои ғамхории доимӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ изҳори сипос намуданд ва омодагии хешро баҳри саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва гулгулшукуфоии диёри хеш баён доштанд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёду навсозии даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, инфрасохторӣ ва хидматрасонӣ бомаром идома дошта, онҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат хоҳанд кард.


Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор