![]()
Соли равон бар асари гармшавии шадид дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо бо суръати бесобиқа об шуда истодаанд. Баландшавии ҳарорат зимистонро кӯтоҳ ва тобистонро дароз мекунад, ки ин боиси об гардидани пиряхҳо мешавад. Аз рӯйи пешгӯиҳо, нисфи пиряхҳои рӯйи Замин метавонанд то охири аср нопадид шаванд ва авҷи нобудшавии онҳо ба солҳои 2041 – 2055 рост меояд.
Тибқи арзёбии коршиносон, пиряхҳо тақрибан 70 дарсади тамоми оби ширини Заминро дар бар мегиранд ва қариб ду миллиард нафар барои таъмини об, кишоварзӣ, саноат ва истеҳсоли энергия аз ин захираҳо истифода мебарад. Пиряхҳо, инчунин, ба ҳифзи экосистемаҳо мусоидат намуда, ҳамчун муътадилкунандаи иқлими маҳаллӣ радиатсияи Офтобро ба кайҳон инъикос ва равона мекунанд ва бо ин роҳ гармии шадидро дар Замин пешгирӣ менамоянд.
Ҳангоме ки пиряхҳо кам мешаванд ё аз байн мераванд, гардиши об ва захираҳои он дар саросари ҷаҳон коҳиш меёбад. Ин талафот на танҳо як мушкили экологӣ, балки иқтисодӣ низ мебошад, ки ба некуаҳволии миллионҳо нафар таъсир мерасонад.
Обшавии босуръати пиряхҳо хоси як минтақа набуда, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин раванд, махсусан, тобистони соли ҷорӣ бештар гардид. Аз ҷумла, нимаи аввали соли равон дар Қирғизистон аз сабаби обшавии ях 348 ҳолати омадани сел ба қайд гирифта шуд. Гузашта аз ин, қабати яхи Гренландия ва пиряхҳои Антарктида бо суръати бесобиқа ҳаҷмашонро аз даст медиҳанд ва ҳаҷми оби ширини воридшаванда ба уқёнусҳоро зиёд мекунанд. Пиряхҳои Алп бошанд, ба нуқтаи нобудшавӣ наздик мешаванд ва ба экосистемаҳои маҳаллӣ ва захираҳои об таҳдид мекунанд. Тақрибан чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷазираи Гренландия паҳн гардид, ки дар он пиряхи азиме чаппа мешавад ва хавфи баландшавии обро ба миён меорад. Гренландия ҳар сол ба ҳисоби миёна 169 миллиард тонна яхро аз даст медиҳад. Ин кишвар тахминан дорои 3 миллион километри мукааб ях мебошад, ки агар он пурра об шавад, сатҳи баҳр тақрибан 7,4 метр баланд мегардад. Яъне, ин равандест, ки пешорӯйи инсоният мушкилоти воқеан хатарзоро мегузорад ва барои рафъаш моро ба андеша водор месозад.
Бояд гуфт, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим ҳамаи кишварҳои оламро дунболагир аст. Аз ҷумла, Тоҷикистон, ки кишвари дарёҳои мусаффост, аз обшавии босуръати пиряхҳо пайваста бонги изтироб мезанад. Дар ин мавсим низ тақрибан 95 дарсади захираи барфи мавсимӣ дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ ва минтақаҳои Шингу Ҳафткӯли ҳавзаи дарёи Зарафшон пурра об шудааст. Ин нишондиҳанда аз идомаи раванди фаъоли обшавии барф дар мавсими тобистон шаҳодат дода, ба ташаккули маҷрои дарёҳо, таъмини захираҳои обӣ ва низоми гидрологии минтақа таъсири бевосита мерасонад.
Тибқи иттилоъ, мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон охири моҳи июли соли равон мушоҳидаҳои навбатии аэровизуалиро дар ин минтақаҳо анҷом доданд, ки пайгирии мунтазами чунин равандҳо барои пешгӯйии ҳаҷми захираҳои обӣ ва идоракунии самараноки онҳо аҳамияти махсус дорад. Дар рафти парвоз ҳолати захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва дигар объектҳои муҳими криосферӣ бо истифода аз усулҳои мушоҳидаи саҳроӣ ва аксбардории ҳавоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Маълумоти бадастомада барои таҳлили равандҳои тағйирёбии криосфера, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва муайян намудани тамоюлҳои минбаъдаи рушди онҳо истифода мегардад.
Аз рӯйи маълумоти Агентӣ, ба минтақаҳои эҳтимолие, ки дар онҳо омадани сел, фуромадани ярч, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва дигар равандҳои хатарноки гидрометеорологӣ сар заданаш зиёд аст, диққати махсус дода шуд. Арзёбии саривақтии чунин ҷойҳо имкон медиҳад, ки сатҳи хавф муайян гардида, барои таҳияи пешгӯиҳои дақиқ ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда заминаи илмӣ фароҳам оварда шавад. Ин мушоҳидаҳо, ки дар як сол 3-4 маротиба анҷом дода мешаванд, барои баҳодиҳии захираҳои обӣ, таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ аҳамияти калидӣ доранд. Маълумоти бадастомада на танҳо барои таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва мониторинги захираҳои обӣ истифода мешаванд, балки ҳамчун асоси илмӣ барои таҳияи сиёсати давлатӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ низ хидмат менамоянд.
Бо ин метавон гуфт, ки барои ҳифзи ҳаёт дар рӯйи Замин муборизаи инсон бо табиат авҷ мегирад ва табиат моро ҳушдор медиҳад, ки хеле эҳтиёткор бошем. Танҳо рӯй овардан ба илму истифода аз таҷрибаҳои пешқадам моро дар ин ҷараён дастболо мегардонад, ки барои ин боз ҳам ҳамкории беш аз пеши кишварҳо зарур аст.
Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”